Изҳороти устодони кафедраи тиҷорат ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ оид ба Қаллобию мардумфиребии М. Садриддин

Чуноне, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландарович бо роҳи фиребу найранг ба боварии шаҳрвандон Кабутов Н.Б., Холов С.И. ва Қаюмов Н.Ш. даромада маблағи зиёди пулиро бо ваъдаи бо фоиз баргардонидани он аз они худ намудааст.

Садуридинов М.Қ. бо овардани ривоятҳо аз Қуръон ва ҳадисҳо аз Пайғамбари дини ислом аз шаҳрвандони номбаргардида дар маҷмӯъ 430 000 доллари ИМА-ро аз они худ намудааст.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, к ибо дарназардошти он, ки дар кирдорҳои Садуридинов М.Қ. аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калон) кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мавҷуданд, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва кофтукови расмӣ эълон карда шуда, тафтишоти пешакӣ бо он идома дорад.

Мо амали қаллобию мардумфиребии Садуридинов Муҳаммадиқбол Қаландаровичро шадидан маҳкум мекунем ва умедворем, ки ӯ дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Шахсе, ки ҳамватани худро фиреб додааст ва ба боварии онҳо даромада маблағҳои ҳаҷман калонро аз худ намудааст ин камоли ноҷавонмардист ва дур аз инсонгарист.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *