Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба андешаи бадхоҳони миллат дар хориҷи кишвар

Боиси таассуф аст, ки объекти террор на шахсони алоҳидаву сиёсатмадорони касбӣ, балки гурӯҳи одамони ба сиёсат сарукорнадошта қарор дода мешаванд. Мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки «ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани онҳо, кишвари соҳибихтиёрамон ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил меёбад». Таҳти роҳбарии ин “донои сиёсӣ”, аъзоёни ҲНИ нафарони гуногуне буданд, ки мақсади онҳо ин барҳам додани давлати мустақили тоҷикон буда, мехостанд, ки он ба Афғонистон, ё Сурия табдил ёбад. Мардуми дурандеши тоҷик баъд аз воқеаҳои нангини солҳои 90 – ум сияҳу сафедро фарқ карда метавонанд. Онҳо намегузоранд, ки ин хоинони Ватан ба мисли Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов, Саидюнус Бурҳонов, Мирзои Салимпур ва пайравону балегӯёни онҳо, ки берун аз Тоҷикистонанд мақсадҳои нопоки хуро амалӣ гардонанд. Дар байни фирефтагони гурӯҳҳои ифротгаро имрӯз бештар муҳоҷирони ҷавон қарор доранд. Ба доми муборизаҳои худ кашидани шаҳрвандони берун аз ватан шаҳодатгари онанд, ки дар дохил сокинон аз воқеияти ҳол огоҳии бештар доранд. Ҳамаи ин аз сатҳи пасти шуурнокӣ, дониши сиёсӣ ва маърифати динии баъзе аз афроди ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Пушида нест, ки дар роҳи расидан ба мақсад барои ТЭТ ҳизби Наҳзати ислом қурбонии одамон монеа нест. Ба онҳо фарқе надорад, ки як кишвари ободу гул-гул шукуфон пора мегардад, ё як миллати куҳанбунёд ба фано мерасад. Муҳим ҳадафи дар пеш гузошта, ки волотар аст. Мутаассифона, маҳз ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни динӣ боиси гумроҳии ҷавонони тоҷик гашта истодааст. Маҳз тавассути чунин гуруҳҳо ҷавонони ноогоҳ аз асли ислом аз номи ислом бар зидди ислом мубориза мебаранд. Мо шоҳиди онем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат ҳамаи ин мушкилиҳои ҷанг паси сар шуда, Тоҷикистон ба сулҳу Ваҳдат ноил гардид. Сарвари давлати тоҷикон барои ободии ватан ва осудагии халқ аз тамоми имконот ба кор бурда, шаҳрвандони кишварро аз ҳаводиси ҷаҳони имрӯз ва селоби даҳшату ваҳшати ҷангҳои беасос ҳифз менамояд, ки гумон мекунам, ҳамин аст адо намудани қарзи фарзандӣ ва нишони садоқату вафодорӣ ва сарсупурдагӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *