Мардуми мо дигар ба доми бадхоҳон нахоҳанд афтод

Имрӯз дар шароити басо мураккаб ва душвори ҷаҳонишавӣ қарор дорем. Чунин раванд шояд аз як ҷониб боиси бо ҳам наздикшавии тамаддунҳои гуногун гардад. Баҳри рушду камоли якдигар таъсир расонанд, якдигарро мукаммал созанд. Ба ҳам таъсири мусбат расонанд.  Аммо аз ҷониби дигар, маҳз ҷаҳонишавӣ боиси бегонапарастӣ, зуран ба урфу одат, расму оини миллате бор шудани арзишҳои миллати дигаре мегардад. Бахусус, аз ҷониби абадқудратҳо. Ин вазъи басе ҳассос аст. Дар чунин шароит боз падидаи басо номатлуб ва хатарнок барои ҷомеаи ҷаҳони рӯи саҳнаи сиёсии олам омадааст. Ин торафт афзоиш ёфтани терроризм ва экстремизм  мебошад.  Асосгузори ваҳдати – милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Рахмон дар Паёми хеш ба Мачлиси Оли, моҳи декабри соли пешин чунин иброз дошта буданд: « Таъкид менамоям, ки вазъи сайёра дар ду – се соли оянда боз хам мураккаб мешавад.»

Чунин падидаҳои номатлуби ҷомеаи ҷаҳони боиси нигаронии ҳамагон аст. Ин боиси ба миён омадани зуҳуроти нохуш, аз қабили тахдид ва истифодаи зӯровари, расонидани зарари ҷисмони, бенизом гардонидани сохти давлатдориҳо,  тағйир  додани сохтори конститутсиони, зуран ба даст овардани ҳокимият, ба вучуд овардани низоми милли, ноороми дар ҷомеа шуданаш мумкин аст.

Аз тахлилҳо ва маълумотҳо бармеояд, ки айни замон дар олам садҳо созмонҳои гуногуни террористию экстремисти амал доранд, ки ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Бадбахти дар он аст, ки чунин созмонҳои сияҳкор бо ҳам робита барқарор намуда, баҳри амали намудани нақшаҳои нопоки худ якҷоя саъй менамоянд.

Экстремизм ҳам падидаи хатарзост. Харакати ифротгарои ба дини мубини Ислом ягон умумияте надорад. Лек маҳз бо номи Ислом имрӯз ба амалҳои нангине даст мезананд, ки боиси қатли одамони бегуноҳ, ба яғмо рафтани молу амвол, ба харобазор табдил ёфтани манзилгоҳи одамон мегарданд. Воқеоти дар кишварҳои араби сарзада тасдики ин гуфтаҳост.

Шарки Наздик ба ҷавлонгоҳи экстремизми динии муосир табдил ёфтааст. Ифротгароен ба ном «Давлати исломи» таъсис дода, ба  чи гуна кирдорхои ғайриинсоние, ки даст назадаанд. Бадбахти дар он аст, ки амалҳои зишти онҳо аз ҷониби абарқудратҳо,  баҳри амалисозии манфиатҳои худ,  ҳарчониба дастгири меёбад. Дар давлатхои араби ба ном «Давлати исломи» таъсис дода,  ба қатлу ғорат пардохтаанд. Чунин амалкардаи ифротиён боис гардид, ки мардум зиёд тарки макони зист намоянд.

Бадбахти боз дар он аст, ки бисёр ҷавонони кишвари мо низ фирефтаи ваъдахои осмонии намояндагони чунин созмонҳои вайронкори экстремизми дини шуда, худро ба сафҳои ифротгароён расонидаанд. Дар кишварҳои бегона баҳри ҳимояи манфиатҳои дунёхоҳон ҷони худро аз даст дода, бармаҳал оламро падруд гуфтанд. Сатҳи пасти дониш, бемаърифати, тарбияи нодуруст дар оила боиси ба чунин роҳи хато рафтани ҷавонон гардидааст.

Пас аз он, ки ифротгароён дар кишварҳои араби ба шикаст дучор омаданд, фаъолияти тахрибкоронаи худро хостанд дар дигар ҷой ба роҳ монанд. Маҳз бо дасгирии як қатор кишварҳои абадқудрат, онҳо ба Афғонистон интиқол ёфтанд. Акнун ин ҷо ният доранд авзои кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикситонро ноором созанд. Аммо бовар аст, дар ин маврид тирашон хок хоҳад хӯрд. Зимни ироаи Паёми худ ба Мачлиси Оли Президенти кишвар мухтарам Эмомали Рахмон иброз доштанд: «Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90- уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд».

Дар ҳақиқат миллати тоҷик маҳз бо дасисаи бадхоҳонаи миллат ба гирдоби ҷанги шаҳрванди кашида шуда буд. Барои худ сабақи талх гирифт. Бовар аст,  дигарбора ҳаргиз ба доми бадхоҳони худ нахоҳад афтод ва баҳри ободонию шукуфоии кишвари азиз дар ҳама ҷабҳаҳо зафармандона заҳмат хоҳад кашид.

 Мудири шӯъбаи курсҳои тайёри

Тошматова Ш. А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *