Тоҷикистон-ватани озоди ман

Дар ДИС ДДТТ бо ташаббуси кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон-ватани озоди ман» баргузор гардид.

Дар маҳфил муовини директор оид ба таълим номзади илми иқтисод дотсент Қаюмов А., чонишини директор оид ба тарбия номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ҷонназарова Д. Х., мудири шӯъбаи илм ва инноватсия, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ахророва Г.У., декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ номзади илми иқтисод, дотсент Баходуров Ҳ.И., мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Файзиева С.А. ва устодони кафедра иштирок карданд.

Дар маҳфили илмӣ-фарҳангӣ донишҷӯёни солҳои 1-3 баромад карданд. Ҳар як баромад бо слайд муаррифӣ карда шуд.

Махфили илмӣ-фарҳангӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Аз тарафи муовини директор оид ба таълим номзади илми иқтисод дотсент Қаюмов А.бо алоҳидаги ба мудири кафедраи забонҳои тоҷиқӣ ва русӣ ва ташкилкунандагони ин махфил минатдорӣ баен карда шуд.

    Раъно Маннонова,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *