КИТОБИ “ТОҶИКОН” – ШОҲАСАРИ БЕЗАВОЛИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон», ки дар илми ховаршиносии Шӯравӣ чун падидаи ниҳоят муҳим ва навгонии беназир эътироф гардидааст, на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар миқёси ҷаҳонӣ низ шуҳрату шаҳомати беандозаро касб намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба арзиши бениҳоят бузурги илмии ин асари бунёдӣ таъкид намудаанд, ки Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард.

Воқеан, «Тоҷикон» аз ҷумлаи китобҳои муқаррарӣ набуда, он таърихи сеҳазорсолаи халқест, ки роҳи дуру дарози таърихиро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳилаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданиашро ҳифз намудан, барои ҳаққу ҳуқуқи маънавияшро барқарор намудан пайваста мубориза бурдааст. Аксари муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ низ ба он ақидаанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати масъалагузорӣ, таҳқиқу пажӯҳиш, таҳлилу муқоиса ва хулосаву ҷамъбаст аз дигар асарҳои илмиву тадқиқотӣ ба куллӣ фарқ мекунад ва он дар сатҳи ниҳоят баланди илмиву эҷодӣ таълиф ёфтааст. Муҳаққиқон таъкид месозанд, ки Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари «Тоҷикон» тарзу усули нигориши ҷаззоб ва дилфиребро куллан риоя намудааст ва асари мазкур ҷанбаи пурқуввати илмии академиро соҳиб шудааст. Муҳаққиқ дар ҷараёни таълифи «Тоҷикон» беш аз 2000 номгӯйи сарчашмаҳои ватаниву хориҷӣ, монографияҳо, брошюраҳо ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода бурдааст, ки аз онҳо 367 ададашон ба қалами олимони хориҷӣ мутааллиқ мебошанд. Барои дастрас намудани баъзе аз сарчашмаҳо муаллиф шахсан ба хориҷа сафар карда, онҳоро мутолиаву коркард намудааст. Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии на танҳо кишварамон, балки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърихшиносии Шӯравӣ бо хати заррин сабт ёфтааст. Аҳамияти илмию амалии асари ҷамъбастии академик Б. Ғафуров танҳо бо он, ки вай яке аз тадқиқотҳои бунёдӣ ва муҳташам доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад, маҳдуд намегардад. Асари мазкур умуман дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Машриқзамин саҳми бориз ва арзанда гузоштааст. Ин аст, ки аз тарафи аҳли илм эътироф гардидаву сазовори баҳои баланди таърихшиносон, бостоншиносон, ва ховаршиносони номии ҷаҳон гардидааст. Чунончи, ховаршиноси маъруфи чех, доктор Иржи Бечка ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд ва ҳаққонӣ додааст: “«Тоҷикон» на танҳо ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, балки таърихи тамоми тоҷикони Осиёи Миёна, ҳамчунин, қисмати бузурги Афғонистони имрӯзаро фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз, асар на танҳо барои халқи тоҷик, инчунин, барои донистани таърихи инкишофи тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти басанда дорад». Муаррих ва муҳаққиқи намоёни Афғонистон, профессори риштаи таърихи Донишгоҳи Кобул, доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ бо ишора ба мазмун ва муҳтавои шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саҳми барҷастаи муаллифро шоистаи таҳсин донистааст: «Китоби «Тоҷикон» дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгариҳои низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ акс ёфтааст. Ва фарозу дурудҳои ин халқро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва диққати олимона баён доштааст».

Бархе аз олимону бостоншиносон нақши илмиву адабии академик Бобоҷон Ғафуровро дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф намуда, таъкид медоранд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар тадқиқоти тамаддуни Осиёи Марказӣ-Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва қисме аз ҳудуди Иттиҳоди Шӯравӣ, аз зумраи нахустин муҳаққиқон аст: «Бобоҷон Ғафуров аз бузургтарин симоҳои илми ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо, тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни хеш-тоҷиконро дар сафҳаи таърихи ҷаҳониён муаррифӣ созад». Президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Муҳаммадҷон Осимӣ пиромуни хизматҳои арзандаи ин марди хирадманд ва мутафаккири барҷастаи Машриқзамин чунин ибрози ақида намудааст: «Тақдири миллат ва ҳифзи шаъну шарафи он то нафаси вопасин Бобоҷон Ғафуровро ором намегузошт. Ҳар гоҳ, ки дар бораи хизматҳои шоистаи Бобоҷон Ғафуров дар назди миллати худ сухан меравад, пеш аз ҳама, шоҳасари ӯ «Тоҷикон» пеши чашмамон ҷилвагар мешавад. Як худи ҳамин асар кофист, ки номи Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаҳои таърихи халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт шавад. Ва ҳол он ки тамоми фаъолияти бошууронаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ҳифзи шаъну шараф, баланд бардоштани обрӯю эътибори миллати тоҷик равон шуда буд».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоби «Тоҷикон» чунин баҳои ҳаққонӣ медиҳанд: «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сӣ солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст». Президенти кишвар аз ҷумла таъкид менамоянд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.

Ин аст, ки 26 декабри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муваззаф намуданд, ки ба ифтихори ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро аз ҳисоби фонди Президент нашр намуда, ба ҳар хонаводаи тоҷикистонӣ туҳфа намоянд.

Бо мақсади татбиқи пайкори маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бознашр ва ба ҳар як хонадони мамлакат ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *