ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба баромади сардори Раёсати маорифи ВМКБ вобаста ба ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ рухдода

Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз баромади Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи ВМКБ-ро оид ба ҳодисаҳои дар шаҳри Хорӯѓ ва нисбаташ ,ки аз ҷониби аъзои муташаккили ҷиноятбо номи Мамадбоқир рухдодаро тариқи шабакаҳои ичтимоӣ тамошо намуда, ба худ хулоса бароварда, андешаҳои хешро иброз медорем. Аз баромади Наврӯзов Л. бармеояд, ки
ҷониби мақомот боздошт шудаанд, ки дар ҳақиқат дар ҳолати масти аласт қарор доштанд. Инчунин ҷинояткори дигари хавфнок Аловатшоев Амриддин, ки бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ дар ҷустуҷӯ буда, дар ҳудуди Россия қарор дорад, дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Москва гирдиҳамоӣ ташкил намуда, бо таҳрифи ҳодисаҳо мехост ҳамдастони ҷинояткорашро бегуноҳу мавриди таъқиб нишон диҳад. Баробари ин хоинону бадхоҳони миллат- ТТЭ ҲНИ ва “Гурӯҳи-24” дар шабакаи интернетии “Ютуб” ва барномаҳои мессенҷерӣ аз тазоҳуроти шаҳри Хоруғ истифода намуда, тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро барои тазоҳурот даъват намуда буданд.
Бояд ёдовар шуд,ки вазъи санаи 25-уми ноябри соли 2021, ки дар шаҳри Хоруғ ба миён омад, натиҷаи амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои тундрав аст, ки инро аҳли зиё ва гурӯҳҳои фаъоли ҷомеа амсоли академик Илолов Мамадшо, профессор Парвона Ҷамшедов ва дигар нафарони баруманди кишвар мақсадҳои нопоки ин гурӯҳҳои тундрав ва ҷиноятпешаро қотеъона маҳкум намуда, аз мардуми дар гирдиҳамоӣ ҷамъомада, ки фирефтаи дурӯғу васвасаҳои ин афроди ҷиноятпеша гаштаанд, хоҳиш намуданд., ки дар шароити кунунии авзои номусоиди ҷаҳон, вазъи имрӯзаи Афғонистон даст ба амалҳои номатлуб назананд, дар атрофи Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҷамъ омада, барои ободию пешрафти Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд. Воқеан ин амали саривақтӣ буд. Зеро ягон инсони солимақл, равшанфикр ва ҷаҳонбинии васеъ дошта ҳаргиз ба макру ҳияли ин гуна афроди ботиландеш намегардад. Баробари ин қайд менамоем, ки бо кордонии кормандони КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мардуми боору номуси ВМКБ пеши роҳи ҷинояткор ва афроди роҳгумзада гирифта шуд. Хушбахтона фазои сулҳу субот дар Бадахшон ва умуман дар мамлакат зери сиёсати хирадмандони Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон абади боқӣ мемонад. Дар кишвар ҳама бояд ѓуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кӯшиш намоянд.
Мо омӯзгорони кафедра аъзои ҷудонашавандаи ҷамъият мебошем ва бояд масъуляти худро дар назди ҷамъият ҳис карда, дониши худро дар амалисозии сиёсати давлат, барои тарбияи ҷавонон бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии онҳо сарф намоем. Ва бо боварӣ изҳор менамоем, ки халқи сулҳпарвари ВМКБ шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта, осмони соф намуда, минбаъд низ баҳри сулҳу суботи кишари соҳибистиқлоламон талош меварзанд.
гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ташкил шуд, ки онҳо бо вайрон кардани тартибот ва бо ин роҳ таваҷҷӯҳро ба дигар тараф кашида, амалҳои ғаразноки худро рӯйпӯш кардан кӯшиш намуданд. Воқеан ташкил ва иштироки нафарони ҷиноятпеша ва роҳгумзадагон, пеш аз ҳама дидаву дониста вайрон кардани қонун шаҳодат медиҳад. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ ва содир намудани дигар амалҳои номатлубашон аз тарафи Прокуратураи ВМКБ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаст. Бояд зикр намуд, ки имрӯз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат қодир ҳастанд, ки ҳамагуна қонуншиканиро, мавриди тафтиш қарор дода, нисбати нафарони вайрон кардаи қонун ҷазоҳои пешбинишударо муайян намоянд. Ҳамаи мардуми сарбаланди ин минтақаи зебоманзари кишвар нисбати гирдиҳамоӣ, ки санаи 25 ноябри соли равон аз тарафи баъзе гурӯҳҳои манфиатдор оѓоз шуда буд, худро бетараф нагузошта, мавқеи хешро нисбат ба хиёнаткорни миллат нишон доданд. ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ахбороти беасос бовар накарда шадидан махкум намуданд. Бояд қайд кард, ки мардуми вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазъи ба амаломадаро таҳти назорати қатъӣ гирифта, чун солҳои қаблӣ бар муқобили ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорию қочоқи маводи мухаддир муборизаи бемаон бурданд ва тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуданд. Воқеан мардуми сарбаланд, бахусус ҷавонони равшанфикри ин вилоят ба дурустӣ дарёфтаанд, ки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа, ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон даст ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ зада кӯшиш доштан то ҳадафҳои нопоки хоҷагонашонро амалӣ созанд. Афроди ноҷавонмардони зархарид ва фурӯхташуда ва он гурӯҳҳои муташаккилӣ асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят гуноҳояшон талош намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *