Санаи 4-уми феврали соли равон дар Донишкада чорабинии идона бахшида ба ҷашни Сада бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷӣ баргузор гардид. Нахуст дар даромадгоҳи маҷлисгоҳи Донишкада анвои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулотҳои нонӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Чорабиниро муовини директор оид ба тарбия ва рушди ҷавонон н.и.ф., дотсент Аҳророва Г.У. оғоз бахшида ёдовар шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёнажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид. Инчунин таъкид гардид, ки ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад.
Сипас, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо суруду тарона ва рақсҳои ҷолиб баромад намуданд.