Бояд қайд кард, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барномаи телевизионӣ бо номи «Нерӯи қонун», баромадҳои Вакилони халқи ВМКБ ва инчунин муроҷиатномаи сардори раёсати маорифи вилоят, Наврӯзов Лутфулло тамошо ва мутоила намуда, ба хулоса омадем. Дар ҳақиқат амалҳои содир намудаи ҷинояткорон вобаста ба ҳодисаҳои ноябри соли сипаригардида ва амали навбатии як ҷиноятпеша бо номи Муҳамадбокир нисбат ба зиёии кишвар бори дигар бо далелу шарҳ тасдиқи худро ёфтанд.
Воқеан зимни суханронии хеш Наврӯзов Л. чеҳраи манфури афроди ҷимноятпешаро ба ҳамагон ошкор кард. Муҳамадбоқири ҷиноятпеша барои лату кӯб, дашному таҳдид кардани сардори маорифи вилояти ВМКБ ва тақир намудани сокинони Ванҷу Дарвоз, бояд тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Хулоса ҷинояткор дар назди қонун ҷавоб диҳад!
Мардуми Тоҷикистон, аз он ҷумла сокинони Бадахшон оромию тинҷии ҷумҳурии азизамонро мехоҳанд ва онҳо намегузоранд, ки баъзе аз гурӯҳҳои манфиатдор вазъи кишварамонро ноором созанд. Хулоса дар он аст, ки ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа, мо ҳама муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.
Дар интиҳо гуфтаниам, ки мо ҷавонони озоду ватандӯсти Тоҷикистони азиз аз ашхоси ҷиноятпеша Ватани биҳиштосоямонро эмин нигоҳ дошта, дар Тоҷикистон сулҳу суботро пайравӣ менамоем ва намегузорем, ки нохалафи душманони дохиливу бурунмарзи зиндагии осоиштаи мардуми тоҷикро халалдор созад.
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи молия ва қарз