ИЗҲОРОТИ кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба аёну тасдиқи амалҳои содирнамудаи Мамадбоқир

Мо омузгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қаблан зимни изҳороту маколаҳои хеш нисбати як фарди ҷиноятпеша Мамадбокир андешаҳои хешро иброз дошта будем. Бояд қайд кард, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад, яъне аз ҷониби як шахс бо номи Амриддин Аловатшоев зимни муроҷиаташ тариқи шабакаҳои ичтимоӣ бори дигар аёну тасдиқ шуд. Зимни муроҷиатномаи худ, бо ибораи дигар бо тавбаи худ Аловатшоев А. бо далелҳои асоснок Мамадбокирро гунаҳкор ҳисобид ва қайд намуд ӯ дар якҷоягӣ якчанд ҷиноят содир намудааст.
Ба гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва умуман бадҳоҳони миллат таъкидан гуфтанием, ки воқеан номи нек ҳама вақт вирди забон буда, аммо мисли Мамадбоқир ноҷавонмардон дар зеҳни мардум ва хотираи ватан ҳамчун хоину душман ва лагандбардори хоҷагони хориҷӣ нақш баста, нафрати мардум ва оҳи мазлумон доимо болои сари онҳост.
Мо омӯзгорон дар интиҳои изҳороти хеш гуфтанием, ки воқеан сокинони бофарҳанги Бадахшон найрангҳои гуруҳи муташаккили чиноятпешаро дарк намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст. Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *