ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – МУШКИЛОТИ АСОСИИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Имрӯз воқеияту рӯйдодҳо, бахусус Афғонистон ҳақиқатеро нишон медиҳанд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамадуни башарӣ афзоиш ёфта, амнията давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто такдири тамоми аҳли башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, надорад ва танҳо бо истифода аз номи дини ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Ин зуҳурот махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз ДИИШ capкарда, то Ал Қоида ва ҳизбу равияҳои ифротӣ ба номи «исломӣ» равғани бештар мерезанд. Хабари воқеаҳои солҳои рӯзҳои охир дар Афғонистон, ки дар нашрия ва сайтҳои серхонандатарини ҷаҳонӣ паҳн гардид, ин андешаро дар зеҳни онҳое, ки мутаассифона, дини исломро чун дини террористон мешиносанд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти ҳаракати “Толибон” дар сомонаҳои интернетӣ ҳамагон шоҳиди он ҳаводис шуданд, ки мардум фарзандашро фурӯхта истодааст ё ин ки таҷовуси духтарчаҳои хурдсол ва қатли бонуи варзишгар, алалхусус бештар амалҳои террористӣ содир мешаванд. Кайд кардан зарур аст, ки тибқи шартномаи Доҳа, ки дар кишвари Қатар ба имзо расид буд, бо баромадани неруҳои ИМА аз Афғонистон, мебоист аз ҷониби ҳаракати «Толибон» ҳукумати ҳамашумул, бо дарназардошти манфиати қавму миллатҳои Афғонистон ва гурӯҳҳои сиёсӣ таъсис дода мешуд. Вале, то ҳол ҳаракати «Толибон» ба аҳд вафо накарда, ҳукумати қавмигароиро дар доираи манфиатҳои паштун созмон дода, хилофи меъёрҳои конститутсионии Афғонистон, сохторҳои идоракунӣ, аз қабили ҳокимияти президентӣ ва парламентиро шикаст дода, давлатро бо номи Аморати Исломии Афғонистон эълон намуд. Айни замон ягон кишквари ҷаҳон ба таври расмӣ ҳукумати «Толибон»-ро эътироф накардааст. Дар баробари ин, ҳаракати «Толибон» вазъро дар Афғонистон пурра идора карда натавониста, ба таври геносиди миллии тоҷикону ӯзбекҳо, ҳазораҳо ва дигар қавмҳо даст зад. Имрӯз бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Ба ин ба қазияи Афғонистон кишвари мо наметавонад бетараф бошад, зеро, мо ҳамсояву ҳамзабонем. Дар робита ба ин пешниҳодҳои Сарвари кишвар бамаврид аст, ки кишвари мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар Афғонистон аст. Бояд бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини кишвари ҳамсоя, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон бояд пазируфта шавад.

М.АХМЕДОВ,

муаллими калони кафедраи математекаи олӣ ва
технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *