ҶИНОЯТҲОИ АФРОДИ ҶИНОЯТПЕША АЁН АСТ…!

Дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон на танҳо дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин дар назди мо зиёиён низ вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба афзои сиёсии Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Дар робита ба ин аз таъкиди Сарвари давлат ёдовар намуда, иқтибосҳо меорем, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад. Баробари ин бояд тазаккур дод, ки бо мустаҳкам шудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ дар кишвар, акнун имкони халос хӯрдан аз лидерони ҷудоиандоз, нашъафурӯш, тангназар ва худписанд ба вуҷуд омадааст. Ҳукумат мехоҳад, ки бо дастгирии сокинони боору номуси Бадахшон ва умуман мардуми кишвар ба тантанаи чандинсолаи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ нуқта гузорад. Масалан казияи шаҳри Хоруғ баҳонаи навбатӣ бо кирдорҳои авбошонаи худ ба кори муътадили мақомот ва осудагиву оромии шаҳрвандони одӣ халал расонанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки яке аз саркардагони гуруҳи муташакккил Хоруғи боло Мамадбоқир мебошад, ки айнан чун бадхоҳону хоинони миллат ҷумҳурии моро дар солҳои 90-ум ба коми оташи ҷанг тела дода буданд. Имрӯзҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва радиои «Озодӣ» дар атрофи ҳодисаҳои Хоруғ, бахусус доир ба Мамадбоқир овозаҳои беасосу бардурӯг паҳн шудаанд. Хулоса шӯрандозиву авантюристии ҳамин гуна бефаросатони давр буд, ки Хоруғи орому осуда ба нооромтарин нуқтаи Тоҷикистон мубаддал гашт. Мо қаблан вобаста ба ин масоил андешаву бардоштҳоямро навишта будем. Умуман, кирдорҳои ношоистаи Мамадбоқирро шадидан махкум намуда будем, ки сардори раёсати маорифи ВМКБ-ро лату куб ва маҳалгароиро раво дидааст. Баробари ин бояд қайд кард, ки бо тавбаи як ҷинояткор бо номи Амриддин Аловаотшоев ҷиноятҳои содирнамудаи Мамадбоқир Мамадбоқиров бори дигар аёну тасдиқ шуд. Ҳоҷат ба баён нест! Аммо, Мамадбоқир то ҳол ба худ хулоса набаровардааст. Бинобар ин вазифаи мо ва аҳли ҷомеа аст, ки ҷавонони гумроҳро аз зери таъсири он ҷинояткороне, ки барои Ватани аҷдодии худ ақаллан дарахтеро сабз накардаанд, хиштеро болои хиште нагузоштаанд ва дар назари ҳамдиёрони худ ғайр аз ҷинояту бадномӣ хотираи дигаре боқӣ намегузоранд, берун созем. Бояд дар ёд дошта бошем, ки имрӯз дасти Ҳукумат ба тамоми ҷанбаҳо мерасад. Он қодир аст, ки амнияти шаҳрвандонро дар ҳама гуна вазъу ҳолат ҳимоят намояд.
Дар фарҷоми андешаи хеш зарур аст, аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон бармеояд иқтибос меорем: роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоли мо дар давоми сӣ соли гузашта, инчунин, дастовардҳое, ки мо дар ин муддат ба онҳо ноил гардидем, як нуктаи бисёр муҳимро возеҳу равшан собит сохтанд: мардуми шарафманди тоҷик метавонанд дар шароити мураккабу буҳронии ҷаҳони муосир бо нангу номуси ватандорӣ, ҳисси баланди миллӣ ва иродаи қавӣ Ватани муқаддаси худро ҳифз кунанд, онро боз ҳам обод намоянд ва нуфузу обрӯи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.

А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *