ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ва РУСӢ НИСБАТИ АМАЛҲОИ ХИЁНАТКОРОНАИ ТЭТ ҲНИ

Дар шароити муосир новобаста аз мушкилоти бузурги иқтисодиву молиявии ҷаҳон, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати озод сиёсати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро муназзам пеш бурда истодааст.

Аз ин дастовардҳо бояд шукрона намуд, лекин ашхосу гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба қадри ин бузургиҳо намерасанд, балки тавассути ҳаракатҳову фаъолияти ғайриқонунии худ мехоҳанд ба ҳаёти осоиштаву ободи кишвар таъсири мунофиқонаи худро расонанд. Дар сари ин гуна ҳаракатҳои ба ном исломӣ ТЭТ ҲНИ меистад, ки аз рӯзи ташкил гардиданаш то ба имрӯз амалҳои хиёнаткоронаи худро нисбати давлату миллат тарҳрезӣ карда истодааст. Лек ин амалҳои пасипардагии наҳзатиён ҳеҷгоҳ амалӣ намешавад.

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун, амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик  ба «шарофати» ин ҳаракатҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмўъ, монеаи рушди бомароми ҷомеа мегарданд.

Ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ беш аз таърихи 40 сола дорад, лек ин таърихи сиёҳи онҳо дар хотираи мардум бо рӯзҳои сиёҳ нақш бастааст. Ҳанўз аз солҳои 70 – уми асри гузашта, ба эътибори иқрори худи масъулини ин ҳизби манъшуда, наҳзатиён мавзўи ба сари ҳокимият омадан ва табдили давлати дунявиро ба давлати сирф динӣ дар ҷомеа матраҳ мекарданд. Маҳз дар сари урдугоҳи мухолифин роҳбарияту размандагони ҲНИ меистод ва то ба охир мақсади аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистонро дошта буданд. Лек диданд, ки дар ҷанг бо ҳокимияти конститусияонӣ мағлуб мешаванд, роҳи сулҳ пеш гирифтанд ва баъди имзои созишномаи сулҳ, ин ҳизб парлумонӣ гардид. Аммо набудани имконоти сари қудрат омадани наҳзатиён тавассути интихобот, оқибат ниқоб аз чеҳраи аслии онҳоро кушод.

ТЭТ ҲНИ мисли солҳои 90 –ум сенарияи табаддулотро истифода намуд.  Ин амали хиёнаткоронаи наҳзатиён, охирин шонси ба сари қудрат омадан буд, ки билохира он шикаст хўрд. Он нақшае, ки аз ҷониби баъзе аз кишварҳои хориҷӣ, бо дасти ҲНИ ва размандагонаш табаддулоти давлатӣ дар Ватани азизамон – Тоҷикистон амалан татбиқ нагардид.

Хушбахтона, мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои миллати худ тавонист, ки аз ин вартаи ҳалокатвор давлату миллати худро наҷот диҳад ва  бо боварии том изҳор карда метавонем, ки мардуми мо, тоҷикистониён дигар ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки бо тақдири онҳо ҳар гуна нохалафон бозӣ кунанд.

Қайд кардан ба марид аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки дар чаҳорчўбаи қонун амал мекунанд, ягон монеа вуҷуд надорад.

Мутаассифона, ин  таҷриба то кунун барои мафкурапардозон сабақ нашудааст, баъзе фирориёни ин ҳизби террористиву ифротӣ эълоншуда дар хориҷа аз «адолат»-у «нақзи ҳуқуқи инсон» даъво мекунанд, аммо боре нашуда, ки амалҳои хешро дар мизони ақл баркашида, ба хулоса оянд, ки чӣ кори баде барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ хиёнате барои миллат кардаанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *