Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ташкилоти террористӣ эълон гаштани Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз ҷониби Амрикоро мутоила намуда, аз андешаҳои коршиносони масоили сиёсӣ, олимон дар ин мавзӯи мубрами рӯз ошно гардидам. Бояд гуфт, ки ин изҳорот миёни омма дастгирии зиёде ёфт. Ва далелу асноди зиёде ҳам мавҷуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба вазъи суботи сиёсии ҷаҳони муосир халал ворид месозад.
Ҷумҳурии Исломии Эрон мақсад дорад, ки тариқи гурӯҳу ҳаракатҳои ҷанбаи исломидоштаи худ норозигии аҳли сайёраро нисбати дини мубини ислом зиёдтар намояд. Сониян сиёсати духӯраи ҳукуматдорони Эрон боис бар он гардад, ки худи сокинони ин кишвар аз шиддатёбии вазъ бо кишварҳои абарқудрат изҳори нигаронӣ доранд. Таҳлилҳои хадамоти махсуси ҷосусии Амрико исбот намудааст, чандин шабакаҳои террористиву экстремистии оламро маҳз ҷониби Эрон дастгирӣ мекунад.Яке аз ҷунбиши ба ном тавонои онҳо ҳизби маъруф бо номи “Ҳизубуллоҳ” мебошад, ки ба истилоҳи кӯчагӣ “бародар”- калониву ҷонии Ҳизби наҳзати ислом аст.
Саркардагони ин ҳизб ҳанӯз солҳои 80 –уми қарни гузашта маблағгузори асосии ҲНИ буданд. Чун аз як ишора хоҷагони эронӣ дӯстони тоҷики худро мефаҳмиданд, ба онҳо маблағҳои калони бебозгаштро илқо менамуданд. Маҳз мавҷи бозсозиву исломшиносӣ, бундёди масҷидҳо аз ҳамин давра шурӯъ гардид. Аввали солҳои навадум таъсири наҳзатиҳо онқадар тавоно буд, ки волидон ба хотири “саводноккуни”-и фарзандонашон онҳоро аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гирифта, назди домуллотарошони наҳзатӣ мемонданд. Ин нодидагириҳои мактаби муосири ондавраро имрӯз мо аз иқдомҳои пешгирифтаи ҷавонон дида истодаем.
Мо фаъолияти ҳама гуна гуруҳҳои ифротгароро маҳкум менамоем ва бояд якдилу якҷон барои ободию осоиштагии Тоҷикистони азиз талош намоем.