ТТЭ ҲНИ- сарҷашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон

Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим – ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид.  Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ хам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст,  ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароенаро меафрӯзанд. Бо роҳбари Муҳиддин Кабирӣ Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки факат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тариққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин ақидаҳое  низ вучуд доранд,   ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро  монеаи асосии пешрафти дину мазхаб медонанд, ки ин акида маҳз хатогӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо чой доранд. Мутаассифона дар тассавури баъзе  ашхосони  ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки ба гурӯҳҳои Муҳиддин Кабири ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд,  мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофики хости он шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустакилонаи худ маҳрум шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Мо  бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии чавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем.

Бо хамин мақсад мо тасмим гирифтем барои дастгири ва чонибдории сиёсати созандаи Асосгузори сулху вахдати милли– Пешвои миллат, Президенти ЧТ муттахид шуда, тамоми қувваю дониш ва иродаи худро барои рушди Ватанамон,  ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон  Тоҷикистон равона менамоем.

Файзиева С.А. .н.и.ф., дотсент,
мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *