ХОИНОНИ МИЛЛАТ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Зиндагии шоистаи имрўзаи мардуми кишвар тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва амалхои созандаву бунёдкоронаи мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз насиб гардидааст. Истиқлолият ва фазои амну субот Тоҷикистони биҳиштосои моро боз ҳам шукуфонтар сохтааст. Инро миллионҳо мардуми сулҳхоҳу рўшанзамири олам эътирофу эҳтиром месозанд. Аммо чашми чанд тани ангуштшумори фарзандони ношукру тирадилу мансабхоҳи ватанфурўш аз ин оромию пешравиҳо «сих» мезананд.

Боиси шукр ва хушнудист, ки Худованди бузург марому мақсади ҳизби наҳзатро ба мо тоҷикон нишон дод. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористи аз байн бурданд. Аз ибтидо ТЭТ ХНИ ба ин миллату сарзамини аҷдоди нигоҳи нек надошт. Зеро бепарда аён буд, ки маҳз ҲНИ ва саркардаҳои он ташкилотчи ва гунаҳкори асосии ходисаҳои фоҷиабори солҳои 90 – уми асри гузашта дар Тоҷикистон аст. Дар натиҷаи муқовимати шаҳрванди зиёда аз 150 ҳазор нафар қурбон шуда, беш аз 1 миллион сокини осоишта фирори гардид. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 7 миллиард доллари ИМА ҳисорот расид. Дар хамин давра, бо роҳнамои ва пуштибонии ТЭТ ҲНИ беш аз 500 нафар ҷавонони Тоҷикистони барои таълимгири ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристода шуданд.

Мутаассифона, бисёре аз аъзоён ва роҳбарони бахшҳои ҲНИ, аз ҷумла дар бораи барномаи сиёсии пинҳонии ҲНИ огаҳӣ надоштанд. Аслан ҳизб барои Ислом бегона аст. Бунёди кардани ҳизби исломӣ, ки 99 фисади аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд, худ тафриқа андохтан миёни мардум мебошад. Тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҲНИ-ро қабул надоштанд, намепазируфтанд ва онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи ваҳҳоби донистанд. Фаъолияташро номаъқул ҳисобиданд. Аммо ҲНИ ба иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабӣ нигоҳ намекард. Бо кӯмаки хоҷагони пасипардагии худ арзи вуҷуд намуд. Хуллас, мақсади асосии ин ҳизб факат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандози байни мардум ва ғайра мебошад.

Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандӯстӣ, дӯстиву рафоқат даъват менамояд. ҲНИ ягон робитае бо дини мубини Ислом надорад, баръакс ҳамаи корҳояшон мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусалмонон «Куръон» буд.

Бояд таъкид намоем, ки мутобқи моддаи 4-и қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки фаъолияти онҳо ба терроризм, зӯровари, тағйир додани сохти конститутсиони равона гардидааст ё маҳалгарои ва диниро ташвиқ менамоянд, манъ аст.

Хушбахтона, 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгаро эътироф намуда, фаъолияташ дар тамоми кишвари мо барҳам дода шуд.

Холиқов Даврон,
асситенти кафедраи молшиносӣ
ва фаъолияти гумрукӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *