ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶИИ ДИС ДДТТ НИСБАТИ ҲИЗБҲОИ ТАҲРИБКОР

Кишвари мо баҳри сазовор истиқбол намудани 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии хеш омодагии ҷиддӣ дида истодааст. Мо шаҳрвандони бо ору номуси миллат ин Иди бузургро хело интизор ҳастем, то ки сазовор пешвоз гирем.
Мо ҳама хеле хуб медонем, ки Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна ба даст омададаст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар ҷонбозиҳо карданд, то ки хуни мардуми тоҷик нарезад, сулҳ шавад ва гурезагон баргарданд. Ҷони худро дареғ надошта, чанд маротиба ба давлати Афғонистон рафта, бо намояндагони мухолифин вохӯрданд ва бо онҳо музхокира карда, гуноҳояшонро бахшиданд, вазифа доданд, то ин ки сулҳ пойдор шавад. Билохира Тоҷикистон тинҷ шуд, сулҳ пойдор шуд, хоҷагии халқ рушд карда истодааст, мардуми тоҷик осуда зиндагӣ карда истодааст. Аммо шахсони алоҳида чун роҳбари Ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни он имрўз тинҷӣ ва осоиштагии миллатро намехоҳад ва бар хилофи сиёсати сулҳпарвари Певшои муаззами миллат баромада, мехоҳанд дар мамлакат нооромӣ барпо кунанд, лекин мо шаҳрвандони соҳибмаърифати Тоҷикистон намегузорем, ки онҳо ба мақсадҳои ғаразноки худ ноил гарданд ва то имконият дорем бар зидди ин гуна равияҳо мубориза хоҳем бурд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *