ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ВАБОИ АСР

Худованд чун инсонро офарид, ӯро бо фикри солим ва ақлу фаросат ороста кард ва талаб бинмуд, ки байни ҳаққу ботил, неку бад ва хираду ҷаҳолатро ҷудо намояд, ба роҳи дуруст равад ва аз гумроҳӣ худдорӣ кунад. Вале афсўс, ки дар ҳаёт шахсиятҳо ё гуруҳҳое пайдо мешаванд, ки дидаву дониста роҳи хаторо пеш мегиранду гумроҳ мешаванд. Барои пулу сарват ё барои ба қудрат расидан ватан, миллат ва мазҳаби худро мефурўшанд, ба мардуми худ, ҳатто ба падару модари худ хиёнат раво мебинанд.
Воќеан терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони муосир буда, бо шаклу тобишҳои гуногун амалӣ мегардад ва пешгӯи кардани он душвор аст . Амалҳои террористӣ боиси ҳалокати одамони зиёд гардида, таъсири шадиди равонӣ эҷод мекунанд ва арзишҳои моддию маънавиро нобуд менамоянд. Амалҳои террористӣ дар байни кишварҳо тухми адовату душманӣ кишта , низоъҳои мусаллаҳонаро ба бар меоранд ва дар миёни гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ нобоварию бадбиниро ба вуҷуд меоранд. Терроризм амали зиддиҳуқуқии гурӯҳҳои алоҳидае мебошанд , ки қонуният ва ҳуқуқи давлатро зери шубҳа қарор дода , ба ин васила даст задан ба даҳшатафкани расидан ба мақсадҳои хешро асоснок карданӣ мешаванд. Зери мафҳуми терроризм ҷинояти дуздидани одам бо мақсади рӯёнидани маблағ , куштор дар заминаи сиёсӣ, усулҳои мудҳиши амалиёти ҷангӣ , рабудани нақлиёт ва силоҳ , яъне истифодабарии қувва фаҳмида мешавад, ки ба муқобили давлат , моликият ва манфиатҳои шаҳрвандон равона гардидааст.Амалиёти террористӣ сол то сол муташаккил гашта , террористон аз техникаю лавозимоти ҷангии ҳозиразамон васеъ истифода мекунанд. Дар минтақаҳои гуногуни олам гурӯҳҳои радикалии сиёсӣ ва миллӣ даст ба усулхои мусаллаҳонаи террор зада , барои расидан ба ҳадафҳои худ шабакаҳои муташаккили пинҳонкорӣ, анборхои силоҳу моддаҳои таркандаро таъсис медиҳанд. Дар баробари ин, муассисаҳои молиявиро ташкил медиҳанд, ки сарчашмаи маблағгузории терроризм ба шумор мераванд. Аз ҳамин лиҳоз , барои муборизаи самаранок бо ин зуҳуроти ниҳоят хавфнок ҳамкории ҳамаи давлатҳо дар сатҳи олӣ ва таъсиси ташкилоти байналмилалӣ оиди мубориза бо терроризм зарур мебошад.Бояд қайд намуд , ки терроризми муосир ба тамоми инсоният таҳдиду хатари маргбор дорад. . Қудратхоҳии роҳбарияти наҳзат ва ихлосмандони онро метавон ба содагӣ дар симои баъзе муллову эшонҳои маҳаллӣ мушоҳида кард. То метавонанд аз боварии мардум суиистифода мекунанд, аз минбарҳои динӣ ва муқаддасоти мазҳабӣ сӯиистифода намуда, Худо ва ҳам мардумро рӯйирост фиреб медиҳанд, рақибони худро бепарда ва бешармона таҳқир мекунанд, на дар пайи меҳру муҳаббат , балки пайи сарвату қудрат ва шукӯҳу шаҳомат мегарданд.
Ҳадафҳои пасипардагии ТЭТ ҲНИ танҳо дар сурати касби қудрат ба намоиш гузошта мешаванд, бинобар ин , аз ин созмони дунявиситез ва хирадгурез дурӣ бояд ҷуст.Ин аст, ки решакан намудани терроризм вазифаи асосии ҳар як давлату миллат, вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад.Ҳамзамон, муассисаю ташкилоти далхдор аз ҷумла , мактабҳои миёна ва муассисаҳои олӣ вазифадоранд, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва беҳтар намудани сатҳу сифати худшиносию масъулиятшиносии насли ҷавон чораҳои зарурӣ андешанд, чунки ташаккулёбии ҷаҳонбинии шогирдон ба шахсияти устодон ва сифати таълиму тарбияи онҳо вобастагии зиёд дорад.

Ассистенти кафедраи
ҷомеашиносии ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд
Мунаварова Д.О.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *