ҲАДАФҲОИ МУҒРИЗОНАИ ТТЭ ҲНИ

Бо назардошти руйдодҳои солҳои охир оид ба масоили вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯзаро мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, қайд кардан бамаврид аст, ки бештар амалу рафторҳои ғайриқонуниву ғайриинсонии тарафдорон ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва ё бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” ба назар мерасанд.
Тарафдорони ин ҳизби мамнӯъшуда зимни фаъолияти қаблиашон худро ба Ислом мепайвастанд, аз номи Ислом ҳарф мезаданд, то мавқеи хешро бо истифода аз номи дини мубини Ислом дар ҷомеа пайдо намоянд. Онҳо ҳадафҳои муғризонаи худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ рўпўш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб мекунанд. Вале дар асл ма сади онҳо дигар намудани сохти дунявии давлатдории кишварҳои минтақа буда, барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ аз ҳама гуна роҳу восита истифода мебаранд. Воқеан фаъолияти ғаразноки ТТЭ ҲНИ аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, баъдан боз бо кӯмаки навбатии хоҷагони хориҷӣ ва даъвати худ ҷавононро гумроҳ намуда, ба марказҳои террористии хориҷӣ фиристоданд. Онҳо бо ҳама гуна роҳҳо фирефтагони хешро ба давлатҳои ҷангзадаи Сурияю Ироқ сафарбар намуданд, ки дар натиҷа садҳо кӯдакон бепадару модар монда, садҳо оиларо аз байн рабуданд.
Имрӯзҳо беш аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта, ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд ва таҳдиду хатарҳои глобалӣ ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.
Аз ин ҷиҳат устодонро зарур аст, ки барои тарғиби зидди терроризми динӣ дар байни донишҷўён корҳои фаҳмондадиҳро мунтазам баргузор намоянд. Бо баробари ин фаъолияти тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои таъмини боэътимоди сулҳу суббот, ҳаёти осишта ва амнияти кишварамон равона бояд кард.

 

Маҳадёров Б.

ассисенти кафедраи математекаи олӣ

ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *