Солҳои охир хатарҳои ҷаҳони муосир, назири терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон гардидаанд. Дар амри мубориза алайҳи ин хатарҳо нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҳамчун мавқеи стратегӣ қабул намуд. Имрўзҳо ташаббусҳои Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ пайгирона дастгирӣ намуда, кишвари моро ҳамчун давлати пешсаф дар самти ҳалли масоили глобалӣ эътироф кардааст.
Ҳама шоҳид будем, ки санаи 3-4 майи соли равон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе Конфронси байналмиллалии сатҳи баландтаҳти унвони «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайатҳо аз 48 давлат ва 31 созмону ташкилотҳои байналхалқӣ иштирок карданд. Дар тўли кори конфронс Душанбе ба маркази ҷаҳонии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ табдил ёфт.
Маҳз, дар даврони Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари соҳиби дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидан ба комёбиҳои бузурги маънавӣ ва фарҳангӣ низ ноил гардид: сатҳи худшиносии мардум боло рафт, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, табодули фарҳангу ақидаҳо, андешаи созандагӣ ҷузъи таркибии андешаи миллӣ қарор гирифт.
Мардуми кишвари озоду ободи мо имрўз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад…». Аз ин рў, давру замон дар назди мо-ҷавонон аҳли зиё, олимон ва соҳибватанон вазифаҳои бузургеро гузоштааст: бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 27-солагии онро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон барем ва дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорем.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоц хабару гузоришҳо дар мавриди суйиыасд ба ҷони Муҳиддин Кабирц ба нашр расиданд, ки аслан асос надошта, бар асари буҳтону туҳмат задан ба Ҳукумати кишвар ҷой дода шудаанд. Ҳадаф аз ин сару садоҳо ва овозаҳои бардурущ чист ва зери ин нимкосаҳо чц ниҳон аст, ҳама медонанд. Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи соҳибистиылолии Ватани азизамон хуб дарк кардаанд, ки авзоъ то кадом дараҷа тащир хӯрдааст ва онҳо ҳеҷ гоҳ фирефтаи афкори бегонагон нахоҳанд гашт. Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби экстремистиву терорристии ҲНИ ба ҷузъ он, ки худро пайваста «реклама» мекунад, кори дигар надорад. Мусаллам аст, ки сомонаҳо ҳам мехоҳанд, ки ба саҳифаҳояшон зиёдтар корбарони интернет ворид шаванд.
Бинобар ин ба хоинон ва душманони давлати Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ вақт муваффақ намешавед. Зеро мо мардуми Тоҷикистон шукри ҳаёти орому осуда ва давлати обод карда, дар атрофии роҳбари хирадманди худ муттаҳидем. Қувваи мо дар ваҳдат ва ягонагист. Зеро мо ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надодаем.
Раёсати таълими ДИС ДДТТ