ТТЭ ҲНИ – БУНЁДГАРИ МАЗҲАБФУРӮШ

Имрӯзҳо аксарияти собиқ аъзоёни фирории ҲНИ дар Аврупо истиқомат дошта, бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, дигар ниқоб аз чеҳра барафканда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад. Бо баробари ин дигар ҷеҳраи манфури пайравони ҳизби назҳат, ки мазҳаби бегонаро қабул карда, дар хизмати доираҳои махсуси идеологияи он қарор дорад. Бояд ёдовар шуд, ки то манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори аъзои ҳизб буданд, дар мадрасаҳои динии мамалакатҳои ба ҳамагон маълум таҳсил намуда, мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Манбаъҳои эътимоднок тасдиқ мекунанд, ки ҳоло 350 нафар фарзандон ва хешу табори собиқ аъзоёни ҲНИ дар мадрасаҳои динии Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс мехонанд. Илова ба таҳсил дар мадрасаҳои динӣ, барои паҳн кардани ақидаи шиа дар байни назҳатиён курсҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддадти таълимоти сиёсию мазҳаби ташкил мешаванд. Роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст, ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳониёни шиаён шуд. Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо собит менамояд, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо,рафтору амал, ҷойи хондан, паноҳгоҳ, макони зиндагии назҳатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида мазҳаби бегонаро қабул кардаанд. Тасдиқи ин суханҳо ин аст, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ИМА  Донишгоҳи  Донишгоҳи байналмилалии ба номи Мустафо ( «Ҷомеату-л-мустафо ал-ъоламия»)-и Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳамчун маркази ҳамкор бо нерӯҳои террористӣ таҳрим намудааст. Ин далел бори дигар ба нафъи кор будани пешгирии таҳсили ҷавонони тоҷикро дар баъзе аз кишварҳои мусалмонӣ ба исбот расонид.

Дар майдони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз ба василаи ҳамин симои манфур гоҳо мардуми тоҷик хурофотиву динзада муаррифӣ мегардад, ки боиси нигарони буда иллат ба миллат мезанад. Маҳз бо ташаббуси ҳамин гуна шахсиятҳо мисли М.Кабирӣ ва М.Садриддини бешараф  ва хиёнаткори ҷомеа баъзе давлатҳо майдони ҷангу хунрезӣ гардидаанд.

Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

 

Ҷӯраев Ҷ.Б.,мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва

                                            машварати ДИС ДДТТ

 

БЕДИЁНАТ 1 ب ي ديانت . он ки фармудаҳои дину

мазҳабро риоя намекунад, бедин, бемазҳаб,

мулҳид. 2. маҷ. ноинсоф, бевиҷдон, норост-

кор.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *