Изҳороти кафедраи забонҳои русӣ ва тоҷикии МДТ ДИС ДДТ нисбати иғвою бардуруғи М.Кабирӣ доир ба бемории короновирус

Мо омўзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ибрози изҳороти хеш қайд менамоем, ки имрузҳо тамоми мардуми Тоҷикистон баҳри ободии Ватани хеш саъйу кӯшиш менамоянд, дуо менамоянд, ки Худованд миллати тоҷикро аз Вабои аср -пандемияи коронавирус бо номи“COVID-19″  эмин нигоҳ дорад. Дар иртибот ба ин масоил чанд тан ашхосе, ки худро “тоҷик” меноманд, ба омода намудани амалҳои ифтортию террористӣ машғул шуда, номи Ватан ва миллати тоҷикро бадном менамояд. Онҳо ба ғайр аз иғвою дурӯғ ба ҳеҷ кор қодир нестанд. Кабириву пайравонаш барои Тоҷикистон аққалан як хишт нагузоштаанд. Агар ӯ бунёдкор мебуд, беморхонаи сироятии ҷумҳуриявӣ, ки масоҳаташ 10га-ро ташкил медиҳад намефурӯхт.Имрўз бо кадом рў шарм накарда, боз дар бораи эмин нигоҳдоштани мардум аз бемории коронавирус сухан мегўяд. Хулоса роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ў қувваи сӯзанда, вайронкор аст! Мо омўзгорон ҳаргиз намегузорем, ки ТЭТ ҲНИ бо ғояҳои террористӣ ва экстремистиаш вазъияти иҷтимоиву сиёсии ҷомеамонро халадор намояд.

Ба М.Кабирӣ таъкидан хотиррасон менамоем, ки имрўз вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ муътадил аст. Онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустӣ дар карантин қарор доранд, ҳолаташон мусбӣ мебошад. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Бо гуфти духтурон бемории короновирус аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд. Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима накунем. Моро музаффариятҳо дар пеш аст. Бо чунин ниятҳои нек бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷашни бузургу муқаддасамон 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатиамонро бо дастовардҳои беназир пешвоз хохем гирифт. Дар ин ҷода ба ҳама барору кор пирўзиҳо таманно менамоем.

 

                                      

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *