АБЛАҲОНИ НАЗҲАТӢ НАДОНАНД АЙБИ ХУД ДАР ҶАҲОН……

Бо назардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар давлатҳои пешрафта имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои зиёд нашр гардида истодаанд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳҳо ба мисли ТТЭ ҲНИ ва  баъзе афроди алоҳида чун Кабирӣ, Аюбзод Итаравшанӣ, ва дигарон аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд  мардумро  тарсонанд, ё ба ин восита манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд. Наҳзатиён бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тулонӣ фурсатро барои худ ғанимат шумурда дар шароити кунунӣ низ домони аврупоиҳоро гирифта, бо ҳар роҳу васила мехоҳад худро шахси дунявӣ нишон диҳад.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳарчанд наҳзатиҳо худро ба аҳли илму адаб некхоҳ нишон доданӣ мешуданд, вале дар асл яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти ҲНИ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо ба фарҳангу маърифат ва хусусан , ба тасаввуфу ирфон, назари манфӣ дошта, ба маънои томаш равшанфикронро чашми дидан надоштанд. Корашон кофтукови айби касон ва ғаразҳои сиёсию иқтисодӣ мебошад,ки шоире дар иртибот ба ин, фармудааст :

             Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,

               Бошад андар ҷустани айби касон.

Набояд фаромўш кард, ки имрўз давраҳои  вазнин  паси сар мешаванд. Хулоса, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат ба мисоли ТТЭ ҲНИ огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодаанд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида, бояд қайд кард, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

 

Кормандони шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии МДТ ДИС ДДТТ      

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *