Изҳороти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ оид ба ТТЭ ҲНИ ва фаъолияти пасипардагии онҳо дар хориҷи кишвар

Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон- Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар айни замон истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.

Аммо буданд гуруҳҳое, ки дар ҳамин замина истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои миллии моро намехостанд ва муқобили сиёсати пешгирифтаи ин ҳукумат буданд. Бояд дар ёд дошт, ки душманони миллат бо мақсади аз байн бурдани ҳуввият ва симои миллии мо, тавассути бегонапарастоне, чун аъзоёни ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва Паймони миллӣ мехоҳанд шаҳрвандони мо – махсусан ҷавононро ба гумроҳӣ мебаранд.

Ин ватанфурӯшон ва мазҳабфурӯшон меъёрҳои дини мубини исломро мехоҳанд дар амалҳои номатлубу андешаҳои ифротии худашон истифода кунанд. Аксарияти онҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳеҷ дурӯғу тавҳин, худсафедкуниву иғвоангезӣ ва хиёнаткорӣ, ки хоси мусулмон нест, ҳазар намекунанд. Бинобар ин ҳам, ҳанӯз аз оғози фаъолияти ТТЭ ҲНИ бараъло маълум буд, ки онҳо дини мубини Исломро танҳо барои анҷом додани ниятҳои нопокашон истифода мекунанд.

Роҳбарони созмонҳои ифротгаро шариат ва дини мубини исломро таҳрифкорӣ сохта, онҳоро ба андешаҳои шахсӣ ва ғаразноки худ олуда месозанд ва ақидаҳои хурофотпарастию разилонаи хешро дар зеҳни ҷавонони мо мехоҳанд ҷойгир кунанд. Аммо ҳамагон медонем, ки дини мубини ислом бо террорист, экстремист ва гурӯҳҳои ифротгаро иртиботе надорад. Роҳбарони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ исломро як бозии асосӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ истифода мебаранд.

Аз ин рӯ мо мардуми бонангу ори кишвар ҳаргиз намегузорем,ки як хоине ё нохалафе ин тинҷивуосудагии моро вайрон кунад ва ҳаргиз намегузорем, ки ин миллати баҳам омадаро парешон намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *