Дар замони муосир, дар шароити бархўрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавии босуръат маҷмўи масъалаҳое ба вуҷуд омадаанд, ки ҳалли онҳо дастаҷамъӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва ғояҳои созандаро тақозо менамоянд.
Имрўз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Терроризм ва экстремизм имрўз бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният табдил ёфтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар ин иртибот мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти кишварро ташкил медиҳад. Роҳу усулҳои он ба таври мушаххас дар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» инъикос ёфтааст.
Яке аз ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ки ба амнияту тартиботи мамлакат таҳдид намуд, собиқ ҳизби наҳзат мебошад. Амалҳои хоинонаю душманонаи ин ташкилоти террористию экстремистӣ ба ҳамагон маълум аст. Ин ташкилоти террористию экстремистӣ аз боварии давлату миллат истифода бурда ба қатлу ғорат даст зад. Хуб шуд, ки аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби наҳзат ҳамчун ташкилоти террористию экстремистӣ эътироф гардид ва ҷиноятҳои минбаъдаи ин гурўҳ пешгирӣ гардид.
Мутаассифона имрўз роҳбари ТТЭ ҲНИ дар хориҷи мамлакат қарор гирифта, тавассути сомонаҳои интернетӣ ба бадномкунии миллати худ машғул аст. Аллакай мардуми тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, ки ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат амалу фаъолияташ фақат халалдоркунии мафкурии ҷомеа ва ноором кардани фазои орому осудаи мамлакат аст.
Аз ин рў ҳар як мардуми ватандўсту худогоҳи миллати тоҷик фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони ўро дар хориҷа шадидан маҳкум мекунад.
Барои ҳар яки мо сулҳу орому, ваҳдату истиқлолият азизтарин неъмати рўи замин аст. Ҳар лаҳзаи шукри ин ободиву сарсабзӣ, тинҷию оромии мамлакати худро менамоем.
Ҳеҷ гоҳ дигар мардуми тоҷик ба фиребу найрангҳои бадхоҳони миллат бовар намекунанд ва фаъолияти онҳоро дар хориҷи мамлакат фаъолияти душманона ва ғайриинсонона медонанд.