Дар ҷаҳони имрўза яке аз хатарҳои воқеӣ ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Зеро дар як қатор давлатҳои дунё нооромиву ҷанг идома дорад. Терроризм хатарест, ки ҳудуди он фақат як минтақа ё як кишварро фаро намегирад. Он ба амнияту тартиботи тамоми аҳли башар таъсири манфӣ мерасонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъоли муборизабаранда бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Зеро терроризм сарҳад надорад ва он метавонад ҳар лаҳза ба ин ё он минтақа ё давлат таҳдид намояд.
Собиқ ҳизби наҳзати ислом аз зумраи ташкилоти террористию экстремистист, ки фаъолияташ ба ноором намудани Тоҷикистон нигаронида шуда буд. Хиёнату фиреб ва амалҳои ҷинояткоронаи ин ташкилоти террористи-экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат бо сарпарастии хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад. Ҳоло ҲНИ ба як ташкилоти воқеии террористӣ табдил ёфтааст ва хушбахтона аз ҷониби Суди Олӣ фаъолияти ин ҳизб расман боздошта шуд.
Мухиддин Кабирӣ бо воситаи ҳар гуна сомонаҳои интернетӣ бо суханони бардурўғу бўҳтони худ мехоҳад ҷонибдорони худро афзун намояд. Ҳол он, ки мардуми тоҷик имрўз сулҳу оромиро аз ҳама гуна арзишҳо боло медонанд. Ин сулҳу осоиштагӣ барои ҳар як мардуми тоҷик неъмати нотакрору муқаддас аст.
Аз ин рў мебоист, ки ба қадри ин сулҳу оромӣ бирасем ва нагузорем, ки Кабирӣ барин хоинони миллат осоиштагии моро халалдор созанд.
То ҳол ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта аз хотири мардум дур нашудааст ва сулҳу субот, оромӣ барои тамоми мардуми тоҷик азизу муқаддас аст.
Амалҳои хоинонаи бадхоҳони миллатро ҳар як нафар мардуми тоҷик пайваста маҳкум мекунад.