САФСАТАФУРӮШИИ БАДХОҲИ МИЛЛАТ АЁН АСТ!

Вобаста ба қазияи лату кӯб кардани сардори раёсати маорифи вилоят аз ҷониби саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Хоруѓи боло Муҳаммадбокир рухдода, ба хулоса омада, андешаҳои хешро иброз медорем. Ин афроди ҷиноятпеша тариқи шабакаҳои ичтимоӣ баромад намуда, мехоҳад дар байни миллати сулҳпарвари тоҷик тафриқа андохта, бо ин восита худро “сафеду бегуноҳ” нишон диҳад, гуё ба ҷинояте даст назадааст. Ин ҳодисаи соф криминалӣ буда, манфиатҳои тӯдаи муташаккили ҷинояткорро ифода менамояд. Аз рафтору гуфтори Муҳаммадбоқир бе ягон мушкили аён мешавад, ки хақиқатан ӯ қадри одамиятро намедонаду ваҳшиёна рафтор намуда, нисбати як омӯзгор амали номатлубро раво дидааст, хело даҳшатовар аст ва дар ин замина на бояд бетарафи кард. Ин гуна афродро бояд решакан намуд то, ки фардо дигаронро низ ба ин ҳол гирифтор накунад..Вале, мутаассифона, афроде арзи вуҷуд доранд, ки ҳақиқати ҳолро сарфаҳм нарафта Мухаммадбокирро пуштибонӣ дорад. Барои бадхоҳои миллат ба мисоли Зафари Сӯфӣ як баҳона ва такконе мебошад. Ин ашхос ҳаргиз барои дифои манфиатҳои мардуми Бадахшон ба тазоҳур даст назадааст. Сафсатафурӯшӣ ва садои Зафари Суфӣ аён аст. Ҳоҷат ба баён нест! Умуман амсоли ин садоҳо ва ахборе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шудаанд, ин садои бадахшониҳо нест, ин садои ҳамон қувваҳое мебошанд, солҳои 90-ум Тоҷикистонрор ба алангаи оташ тела доданд. Ин дафъа ҳам ҳамон қувваҳои деструктивӣ аз вазъият истифода намуда, мардуми зудбоварӣ Бадахшонро фиреб додан кӯшиш доранд. Хулоса ноором гардонидани вазъ дар Бадахшон барои онҳое, ки ҷонибдорони ғояҳои ҳаракати “Толибон” мебошанд, хеле мувофиқ аст. Гарчанде “Толибон” ба сари қудрат омадаанд, вале аз ғояҳои террористиву экстремистии худ даст накашидаанд. Ва мехоҳанд ба ҳар роҳу васила он ғояҳоро дар Тоҷикистон паҳн намоянд. Аз ин лиҳоз, на фақат бадахшониҳо, балки ҳар як шаҳрвадӣ бо ору номуси Тоҷикистон ҳиссӣ маҳалгароӣ, хешу таборчигиро як сӯ гузошта, ҳисси ватанпарварӣ, худшиносии миллӣ ва худогоҳиву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.
Дар фарҷоми андешаи хеш ба тамоми ҷавонони шарафманди миллати тоҷик муроҷиат намуда, гуфтанием, ки барои оромиву осудагии Тоҷикистони азизамон камари ҳиммат бубанданд., чунки мардуми тоҷик аз қадим сулҳовар аст!
Т. САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *