ИЗҲОРОТИ кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбат ба фитнаҳои сиёсии ТТЭ ҲНИ

Мо устодони кафедра аз он рӯзе, ки ҲНИ-ро медонем дар радифаш ҷангу балво, иғвою ифрот, шӯру валвала ва фисқу фасодро мебинем. Имрӯз, собиқ роҳбарияту аъзоёни ин ҳизби бе нангу номус бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ, ки аз хориҷи кишвар истода, бо фитнаҳои сиёсии худ боз мехоҳад ба сари мардуми кишвар нокомӣ орад, ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ нахоҳад расид. Зеро мардуми имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар мардуми солҳои 90-ум шуда наметавонад, ки ба фитнаҳои онҳо ба зудӣ боварӣ ҳосил намоянд.
Воқеан пас аз фаъолияти бисёрсолаи худ ҲНИ мақсадҳои аслии худро ошкор намуд, ки ин дар шаҳрвандон бедор кардани ҳисси бадбинӣ, кинаву адоват нисбати ҳукумати қонунии Тоҷикистон буд. Ин ҳизб худ як ҳизби террористӣ буда, бисёр фарзандони бо нанагу номуси миллатро бо роҳи террористӣ аз байн бурдааст. Хуллас, мақсади асосии ин наҳзатиён фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум ва ғайра мебошад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хосатан падару модарро масъулияти азим мебояд. Зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди миллатро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракиро аз даст надода, содиқона паи хизмат ба миллату кишвари худ бошанд. Барои мардуми шарифи Тоҷикистон, маҳз миллат метавонад соҳиби давлат, обрӯ ва эътибор дар арсаи байналмилалӣ бошад.
Мо, зиёиён, аҳли устодони кафедра фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломро шадидан маҳкум намуда, ҳамагонро ба Ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу осоиштагӣ дар партави сиёсати сулҳҷуёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои гулгул шукуфоии Тоҷикистони азизи мо кушишҳои зиёде ба харҷ додаанд, даъват менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *