АЗ НИЯТИ ҒАРАЗНОКИ ШАЙТОНСИФАТОН ОГАҲЕМ!

Ташкилоти иғвоангез ва хиёнаткори шайтонсифат бо номи ТТЭ ҲНИ ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хочагонаш паноҳ ёфта, бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус роҳбри он Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ” баромад намуда, мехоҳад, чун солҳои 90-уми садсолаи қарни гузашта боз ба оромиву суботи кишвар халал ворид созад. Зимни баромадҳои ифротиаш Кабирӣ ва ҳаммаслакону пайравонаш гӯё худро “дилсӯзу ғамгусори миллат” муаррифӣ менамоянд ва аз амалҳои душманонаашон шармашон намеояд? Охир, ҳамагон кайҳо аз нияти баду ғаразноки ин шайтонсифатон огаҳанд. Дар ягон кунҷу канори Тоҷикистон, дар ягон маҳал ё деҳ заррае кӯмаку дилсӯзии ин “ғамгусорони миллат”-ро касе надидааст. Таъкидан ба хоинони миллат гуфтанием, вақте аз минбарҳо бо ваъдаҳои пуч ба миллати тоҷик муроҷиат менамоянд, аз амалҳои қаблиашон бояд андеша намоянд. Вақт довар аст, ки бештари ҳамин хоинон, ба номи мубораки миллат ва фарҳанги тоҷик иснод овардаанд.
Дар мақолаҳои ва суҳбату ҳамешагиамон даъват ба амал меорем, ки ба ҳарфҳои пучу бемағзи хоинони бурунмарзӣ, ки худро мутеъ ва лаганбардори мисли худашон беимонон кардаанд, ҳеҷ кас бовар намекунанд.
Мо ба тамоми мардуми шарафманди тоқик муроҷиат намуда гуфтаниям, ки муттаҳид бошед ва баҳри ободии диёри азизамон якдилона камари ҳиммат буандем. Нагузорем, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаку пайравонаш барин нафарон ба пои мо хоре халанд.Бо ибораи дигар гуфтанием, ки аз номи тоҷику тоҷикистониён сухан нагӯянд!. Хулоса калимаи Тоҷикистонро ба забон наоранд! Ҳамин хоиноне буданд, ки ба номи мубораки тоҷик ва фарҳанги давлату миллат иснод овардаанд. Мо фаромӯш намекунем, ки моро модари тоҷик ба дунё оварда, бо шири ҷонфизояш ба қалбамон эҳсоси меҳру муҳаббат ба ифтихор аз бузургону авлоду аҷдодамонро ҷой додааст. Ҳамин садоқату меҳр аст, ки барои мо обрӯю нуфузи диёр ва ҳар шаҳрванди содиқу вафодори он арзиши баланд дорад. Ҳамин садоқату меҳр аст, ки дигар ба чунин сияҳкороне чун аъзоиТТЭ ҲНИ муборизаи беамон барем, охир барои мо обрӯю нуфузи диёр ва ҳар шаҳрванди содиқу вафодори он арзиши баланд дорад!
Мо сокинони кишвари соҳибистиқлол шукргузорӣ аз он менамоем, ки дар партави сиёсати оқилонаву бобарори Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо баҳри рушди тамоми соҳаҳои кишвар шароиту заминаи мусоид фароҳам гардид, ки мо соли равон ҷашни бузургу муқаддастарин-30-умин солгарди онро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намудем.

Х.УМУРОВ,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *