ХОИНОНИ МИЛЛАТ БОЗИЧАИ ДАСТИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶИАНД!

Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тӯли 30 сол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии ватанро бархе аз хоинону ватанфурӯшон ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзӣ дидан намехоҳанд. Чунончӣ як қисмат ашхос, ки ангуштшуморанд дар хориҷа паноҳ ёфта, бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ намехостанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд, имрӯз низ аз нияти хабиси худ нагаштаанд.
Таҳлилҳо собит менамояд, ки гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ҲНИ ва Гуруҳи -24 тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, зимни барномаҳои ифротиашон баромад менамоянд ва мақсадашон аён аст, яъне ноором кардани ватани азизамон мебошад. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ин ҳизбу гурӯҳ дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад. Аз ин амали онҳо маълум мешавад, ки ин гурӯҳу гуруҳчаҳо барои ба даст овардани сарвату маблағи муфт тайёранд миллату давлати худро ба ночизтарин маблағ фурӯшанд. Дар вуҷуди хоинони миллат-Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва Беҳрӯз Тағойзода воқеан беҳувият ва бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда, ҳеҷ вақт озодӣ ва хештаншиносии миллӣ мавҷуд нест, барояш ҳеҷ арзише ба ҷуз иҷрои дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад.
Хулоса имрӯз халқи шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем. Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона заҳмат кашем.

Д.ҶОННАЗАРОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *