Мо омӯзгорони кафедра зимни изҳороти хеш қайд менамоем, ки санаи 27 декабри соли равон тавассути фейсбук баромади вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешкаши мардум карда шуд. Дар рафти ҷараёни ҷаласа Давлатзода Хаким Алишӣ, вакили халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ҳавзаи интихоботи №40 ноҳияи Дарвоз Муроҷиатномаи ноҳияи Дарвоз оид ба ходисаҳои дар шаҳри Хоруғ ки санаҳои 25 -28 нобри соли равон рухаро дар назди Вакилони халқи ВМКБ қироат намуда, андешаи хешро иброз намуд.
Дар робита ба ин андешарони намуда, гуфтнаием, ки мо онро дастгирӣ менамоем. Қонун барои ҳама як аст. Амалҳои гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар шаҳри Хорӯг ҷиноят содир намуданд, сазовори ҷазост ва дар назди қонун ҳама баробаранд. Бигузор ҷинояткорон ҷазояшонро гиранд. Ин гуна инсонҳо аз ҷамъият бояд решакан шаванд.
Ёдовар шудан бамаврид аст,ки қаблан тибқи вокуниши худ собиқ раиси ВМКБ, Ёдгор Файзов парда аз болои асрори воқеъаҳои шаҳри Хоруғ бардошта шуда буд. Имрӯз низ бо назардошти баромадҳои вакилони халқи ВМКБ мардум дарк намуданд, ки асосан афроди ҷиноятпеша дар ин қазия гунаҳкоранд. Баробари ин бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад.
Мо омӯзгорони кафедра интиҳои изҳороти хеш баробари сокинони фаъол ва аҳли зиёи кишвар амалҳои ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро қотеъона маҳкум менамоем. Ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар ҷумҳурӣ нисбат ба шахсони гунаҳкору ҷиноятпеша, дар асоси қонунҳои амалкунадаи кишвар чораҳои қатъӣ андешида шаванд.