Мо омӯзгорони кафедра вобаста ба вокуниши собиқ раиси ВМКБ Файзов Ёдгор доир ба ҳодисаи рӯзҳои 25 -28 ноябри соли 2021, ки он тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ филм бо номи“Нерӯи қонун” намоиш дода шуд, ибрози андеша менамоем.
Бояд қайд кард,ки дар филми “Нерӯи қонун” аз ҷониби Файзов Ё., собиқ раиси вилояти Бадахшон ва шоҳидону ҷабрдидагон вобаста ба ҳодисаҳои дар шаҳри Хоруғ руйдода, бо далели амиқ шарҳ дода шуданд. Собиқ раиси вилоят зимни суханронӣ оид ба ҳодисаи мазкур нисбати ҷинояткор Зиёбеков Г. ва ҳаммаслакони ҷиноятпешаро таъкидан танқид карда, қайд намуд, ки ин афроди ҷиноятпеша дар содир намудани якчанд ҷиноят, аз ҷумла латукӯб намудани ёрдамчии Прокурори ноҳияи Роштқалъа А. Абирзода, барангехтани ҳисси инсонбадбинии миллӣ, маҳаллӣ дар соли 2020 айбдор карда шудааст. Зиёбеков Г. дар рафти иҷрои корҳои тафтишотӣ ба прокуратура ҳозир нашудааст ва ниҳоят дар рӯйхати расмии ҷустуҷӯ ворид шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки нисбати ашхосе, ки муддати дароз дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доранду новобаста аз пешниҳоди даъватнома ба назди мақомоти тафтишотӣ ҳозир намегарданд, тибқи қонун чораҳои маҷбурӣ татбиқ мегарданд.
Баробари ин бояд қайд кард, ки дар филми “Нерӯи қонун”, нисбати амалҳои ғайриқонунии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо далелҳои раднашаванда аз ҷониби шоҳидони воқеаияти ҳол шаҳрванд Мирзоалиев Хайрулло, рондаии автомашинаи “Дулан”, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон” , баён карда шуд, ки дар давоми се рӯз ӯро беасос махкам намуда, бо амали ғоратгарона беш аз 1000 сомонӣ маблағро аз худ кардаанд. Баробари ин гурӯҳи авбошон нисбати шаҳрванд Ақимбеков Ҳувайдо, ронадаи КАМАЗ, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон муносибати дағалона намуда, худсарона бе асос роҳи нақлиётро манъ карданд.
Инчунин дар ҷараёни филм мо огаҳ гардидем, ки дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳшудаи вилоят 25 – 28 ноябри соли равон даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида ва роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма”, ки ягона роҳи воридоти молу маҳсулот ба маркази вилояти ВМКБ мебошад, баста шуд. Дар натиҷа ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халал ёфт.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳодисаи мазкур 12 нафар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дучори ҳамлаи мусаллаҳона гардида, бар асари истифода аз корд ва дигар лавозимоти халандаву буранда алайҳи онҳо ин кормандон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Алҳол оид ба масоили ҳодисаҳои рухдода, аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад. Вобаста ба ин дар рафти намоиши филми мазкур аз ҷониби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ Манучеҳр Холиқназаров ва Хурсанд Маҳмадшоев қайд карда шуд, ки раванди ҳаракатҳои тафтишотӣ тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ оғоз карда, он бо маром ҷараён дорад.
Хушбахтона вазъият имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ зери назорат қарор дошта, тартиботи ҳуҳуқӣ ва амнияти сокинон таъмин мебошад.
