ФИЛМИ “НЕРӮИ ҚОНУН” ҲАҚИҚАТИ ҲОЛРО ИНЪИКОС КАРД!

Тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки дар давоми моҳҳои охири ноябр ва аввали декабри соли ҷорӣ, вобаста ба масъалаи ҳодисаи шахри Хоруғ , ки аз ҷониби гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, санаҳои 25-28 ноябр гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ташкил намуда буданд. Дар робита ба бадхоҳони миллат-ТТЭ ҲНИ, Гуруҳи 24 тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷиҳати амалӣ намудани хадафҳои гаразнокашон, барои аз байн рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони сарбаланди Бадахшон кӯшиш намуданд. Бадхоҳони миллат аз надонистани воқеияти ҳол дар барномаи ифротиашон суханҳои бардурӯғро бофта бароварданд, ки ин ба ягон қолиб рост намеояд.
Таъкидан хотиррасон менамоем, ки офтобро бо доман пӯшида намешавад ва ҳақиқат ҳамеша ғолиб мебарояду қонуну қонуният дастболо! Барои равшани додани масъалаҳо оид ба ҳодисаи ба вуқӯъомадаи шаҳри Хоруғ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мо филм бо номи “Нерӯи қонун “баромади собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тамошо карда , бори дигар боварии амиқ ҳосил намудем, ки амалҳои содир намудаи ҷинояткор Зиёбеков Г. ва ҳаммаслаконаш бори дигар бо шарҳу далеллҳо асоснок тасдиқ шуд. Масалан нисбати амалҳои ғайриқонунии гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо далелҳои раднашаванда аз ҷониби шоҳидони воқеаияти ҳол Мирзоалиев Хайрулло, рондаии автомашинаи “Дулан”, шаҳрванди шаҳри Кӯлоб, вилояти Хатлон” тасдиқ шуда, баён карда шуд, ки дар давоми се рӯз ӯро беасос махкам намуда, сипас беш аз 1000 сомонӣ маблағро ба таврӣ маҷбурӣ гирифтаанд. Инчунин гурӯҳи авбошон нисбати шаҳрванд Ҳувайдо Ақимбеков, ронадаи КАМАЗ, истиқоматкунандаи ноҳияи Шуғнон муносибати дағалона намуда, худсарона бе асос роҳи нақлиётро манъ карданд. Дар натиҷа шаҳрвандони зикргардида зарари моддию молиявӣ диданд. Умуман дар натиҷаи амалҳои авбошона ва тахрибкоронаи аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони гумроҳшудаи вилоят 25 – 28 ноябри соли равон даҳҳо дарахтони канори роҳи мошингард бурида ва роҳи автомобилгарди байналмилалии “Душанбе-Хоруғ-Қулма”, ки ягона роҳи воридоти молу маҳсулот ба маркази вилоят мебошад, баста шуд. Дар маҷмӯъ, ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимомии ВМКБ зиёда аз 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зарарӣ моддӣ расонида шуда, раванди муътадили фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят халал ёфт.
Воқеан вокуниши собиқ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва умуман филми “Нерӯи қонун” ҳақиқати ҳолро инъикос кард. Бо назардошти ин бояд ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпараст воқеоту рӯйдодҳо воқеъбинона баҳо диҳанд ва ба худ хулосаи дуруст бароварда, барои пешгирии амалҳои номатлуб беш аз беш саҳм гузорад. Баробари ин мо бояд барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақил саъю талош варзида, баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагронаи бадхоҳони миллат – ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 муборизаи беамон бурда, намегузорем, ки фазои ороми мукаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

Х.УМУРОВ,
ассистенти кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *