ЭЙ ҲАМВАТАН, ҲАМЕША ЗИРАКУ ХУШЁР БОШ!

Мусаллам аст, ки имрӯз терроризм ва экстримизм аз зумраи мушкилоти тезутунди замони муосир ба шумор меравад. Боиси нигаронист, ки мутаассифона, шахсон ва гурӯҳҳое, пайдо шуданд, ки бо мақсади халалдор сохтани оромии давлат ва ҳаёти мардум бо роҳу воситаҳои гуногун ба монондаи ҳуҷуми мафкуравӣ пешниҳоди маблағхои зиёд ва ё дигар усулҳо барои ҷалби эътибори одамон ва амалӣ гардидани мақсадҳои ғаразноки худ кӯшиш мекунанд. Масалан ТТЭ Ҳизби назҳати ислом (ҲНИ) дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон, ки байни онҳо аз ҷиҳати иродаву шуурнокӣ ноустувори ҷамъият мебошанд, такя менамоянд. Маҳз ҳизбу ҳаракат ва равияву ҷараёнҳо бо номи дин сабаби парокандагӣ, бесаводиву бемаърифатӣ, ваҳшоният ва ақибмонии мусулмонон мебошад. Воқеоти солҳои навдум бозгӯи онанд, ки ТТЭ ҲНИ тамоми нерӯҳои демократии вақтро бо мақсади ҳадафҳои сиёсӣ истифода карда, дар нимароҳ онҳоро тарк ва ба гирдоби фалокат партоб кард. Аксарияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамон шахсоне мебошанд, ки дар аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои заруриро гирифта, ҳамчун зархаридони хоин Тоҷиистони азизи моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида буданд. Агарчи зоҳиран роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ вонамуд менамояд, ки гӯё дар расидан ба истиқлолият саҳми арзанда дошта бошанд, вале ин фиреби назаре беш нест, зеро онҳо ба хотири ба қудрат расидан аз дуруштарин ва ноҷавонмардонатарин шеваҳо истифода намуда, аз методҳои хатарбори миллаткуш истифода намуданд, ки яке аз он ба тарзи густурда ҷудоӣ андохтан байни минтақаҳои кишвар буд. Ии душмани миллат бештар дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта бо номи Паймони миллӣ, ки дар қолаби бозиҳои пуштипардагии қудратҳо барномаи ба истилоҳ ТТЭ ҲНИ ҷо гирифтааст ва аз он истифода мешавад. Муносибати бетарафона ва бемулоҳизакоронаи баъзе кишварҳои аврупои, масалан Олмон ва Лаҳистон бо терроризми исломӣ ба он натиҷа расид, ки дар Аврупо амалҳои террористӣ ва ифротгароии исломӣ домани худро густардатар мекунанд.
Дар маҷмӯъ стратегияи асосии ТТЭ ҲНИ – касби қудрат ва барпо доштани салтанати исломӣ дар Тоҷикистон буда, тавассути раванди тактикӣ – дарёфти маблағ, иғвогарии матбуотӣ ва интернетӣ, ноҷӯр сохтани авзоъ дар минтақа аҳдофи стратегиашро роҳандозӣ менамояд.
Ба вуҷуд омадани воқеаву руйдоди нав дар кишвар ва хориҷии дуру наздик нишон медиҳад, ки ТТЭ ҲНИ ба таври комил дастпарвардаву дастнишондодаи бегонагон буда, ҳадафи ягонаи он шикасти тафаккури миллии мардуми Тоҷикистон, барҳам задани Истиқлолияти сиесӣ ва ба таври комил гирифтори афкори мазҳабиву ғайримилли намудани мардуми фарҳангсолору шарафманди тоҷик мебошад.
Баромадҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз боздошти аъзоёни собиқадорони ТТЭ ҲНИ-и миллаткуш ин калому даъвои моро собит месозад, ки ин афрод дар макотиби мазҳабии хориҷӣ таълимоти динию низоми ва диверсионӣ гирифта, усулҳои таблиғу ташвиқ, суханварию гӯлзании мардум, тирпарронию куштор, тарконидану сӯзонидан ва дар умум тамоми аносири террору қатл ва дигар нозукиҳои муборизаҳои идеологию низомиро аз худ намуда, барои иҷрои аҳдофи барномарезишуда дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ корҳо амалӣ намудаанд.
Бо назардоши масъалаи матраҳгардида воқеан терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус ва ҷамъияти шаҳрвандиро тақозо менамояд. Ҳамарӯза хиёнати ТТЭ ҲНИ ва хоҷагони хориҷии онҳо нисбати Тоҷикистон ифшо гардида, мехоҳанд мардумро гумроҳ сохта, ба корҳои зишти худ ҳамроҳ созанд.
Дар урфият мегӯянд, офтобро бо доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ва пайравону аъзоёни он кистанд ва чӣ ният доранд. Хулоса мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои хоинони миллат комилан бовар намекунанд ва умуман аз амалҳои нангини бадхоҳони миллат огоҳ шудаанд. Воқеан таърихи давлатдории навини тоҷикон собит сохт, ки мардуми шарифи мо дорои хирад ва нерӯи солиму тавоно буда, қодир аст пеши роҳи ҳама гуна моҷароро гирад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин «вабои аср» на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар узви ҷомеа мебошад.
Ҳамеша дар талоши он бошем, ки бо тамоми ҳастӣ марзу бум ва муваффақиятҳои ба даст омадаи хешро ҳифз кунем ва насли бонангу ор, худшиносу ватандӯстро тарбия намоем. Хулоса бо шеъри зерин андешаи хешро ҷамъбаст менамоем:
Душман чӣ мекорад?
Низоъ,
Кишташ чӣ бор орад?
Бало,
Моро зи ҳам созад ҷудо,
Эй ҳамватан, ҳушёр бош!
Ӯ ҳилладон, ту содахӯ,
Фанд аст дар ҳар панди ӯ,
Эй ҳамватан, ҳушёр бош!

С.ОҚИЛОВА,
н.и.ф, котиби Шӯрои
олимони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *