Изҳороти кафедраи назарияи иқтисоди ДИС ДДТТ оид ба мақолаи “Парвандаи ба Интерпол додаи Тоҷикистон мақомоти Лаҳистонро ба ханда овард”

Вазъи ҷаҳони имрӯз басо нигаронкунанда аст. Мутассифона, ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ падид омада, алайҳи инсоният бо тарсу ҳарос ва даҳшатафканӣ мубориза мебаранд. Матолиби нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро водор менамояд, ки ба тақдири миллату ватан бетафовут набошем.

Ҳама хуб медонем, ки ҳар як давлати дунё барои ҳифзи амнияти кишвар, оромиву осоиштагии ҷомеа, мубориза бо ҳизбу ҳаракатҳое, ки хатарнок будани   фаъолияташон барои давлату  ҷомеа исбот шудааст, кўшиш менамояд.

Ба андешаи мо, муассисаи бонуфузе, мисли Интерпол ягон парвандаро барои дастгир намудани ин ё он нафар беасосу бедалел қабул нахоҳад кард. Гузашта аз ин, даъвоеро, ки парвандаи ба Интерпол ирсолкардаи  Тоҷикистон  мақомоти  Лаҳистонро гўё ба ханда овардааст, тўҳмату иғвоандозї номидан мумкин аст. Аз тарафи дигар, ҳоло маълум нест, ки барои дастрас намудани иҷозати хадамоти муҳоҷирати Олмон Тешаев М. аз кадом воситаҳо истифода бурдааст. Манъ гардидани фаъолияти  ягон ҳаракат ё созмон  дар сурати хатар доштани он ба амнияти милливу сиёсї ва ба ҳувияти миллат низ аз ҳамин ҳуқуқ сарчашма мегирад. Ин нуктаро мақомоти ҳама гуна кишвар, аз он ҷумла, Лаҳистон низ эътироф мекунанд.

Аъзои ТЭТ ҲНИ, ки аз Тоҷикистон баромада рафтаанд,   бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро бадном намоянд, ҳарчанд ки ба иллати амалҳои номатлуби худ ба чунин ҳолат афтодаанд. Бадии кор дар он аст, ки онҳо кўшиш менамоянд, то байни мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигар нофаҳмиву иғворо барангехта, бо ҳамин роҳ низ ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.

То кадом андоза асоси вокеият доштани ин «ханда» макомоти Лаҳистон мебошад. Зеро ин хоинони ватан дар хар сурат метавонанд барои бегуноҳ нишон додани худ ҳар мақомоту ташкилотро ба «ханда» орад, зеро инҳо ба ғайр аз ин дигар далеле барои бегуноҳии худ надоранд.

Сокинони Тоҷикистон ба ин туҳмату иғвоангезиҳои душманони миллат бовар намекунанд ва шукрона менамоянд, ки дар кишвари ободу озод зиндагӣ доранду амнияту оромӣ ва сулҳу субот ин ҷо побарҷост.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *