Амалҳои бадхоҳонаи ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем!

Аз хондану шунидани  мақолаҳои васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба фаъолияту рафтори гурӯҳҳои  терористию экстремистӣ  ба хулосае омадам , ки гурӯҳҳои зикр шуда, ба мисли  ДИИШ, Толибон, Ал-қоида, ҳизби таҳрир, ҲНИ ва ғайра кишварҳои ороми олам, ба хусус давлатҳои мусулмонии Шарқ яке паи дигаре ба коми ҷангу ноиттифоқӣ гирифтор мегарданд.

 Ман тарафдори онам, ки решаҳои асосии ташкили чунин гурӯҳҳо муайян карда шуда, ин гуна  гурӯҳҳои  терористию экстремистӣ  аз тамоми мамлакатҳои ҷаҳон несту нобуд карда шаванд,  зеро ки он  ба зиндагии орому осудаи тамоми дунё оқибатҳои манфии худро таъсир мерасонад.

Чанде пеш дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Миср зери унвони «Дар бораи Ҳизби ихвонӣ, ки дар амали террористӣ даст дорад, чӣ медонед?» мавод нашр гардид, ки амалҳои террористии ҲНИ бо далелҳо собит намудааст. Мо ин маводҳоро мутолиа намуда, бори дигар бовар ҳосил кардем, ки ҲНИ ва ДИИШ дар ҳодисаҳои террористӣ ва ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ даст доштаанд:

 «Бо вуҷуди ба душ гирифтани гурӯҳи террористии ДОИШ амали ахири террористиро, ки бар асари он 4 гардишгари хориҷӣ дар Тоҷикистон ба ҳалокат расид, мақомоти марбутаи Тоҷикистон нақши асосии ТТЭ ҲНИ-ро дар ин ҳодисаи террористӣ ошкор сохт.
Рӯзномаи «Times»-и бритонявӣ гузориши мақомоти амниятии ҶТ-ро ба нашр расонид, ки дар он роҳбарони ТТЭ ҲНИ дар таҳрезӣ ва нақшаи ин амали террористӣ, маблағгузории афроди террористӣ, омӯзиши маҳоратҳои ҷангӣ дар Эрон ҷиҳати амалисозии ин ҳодисаи террористиро таъкид намуд.
Сомонаи «Амон» перомуни «ТТЭ ҲНИ» тадқиқот анҷом дода, маълум намуд, ки ин ҳизб бар асоси идеологияи Ҳасан Бано – таъсисдиҳандаи «Ихвон-ул-муслимин» ва Сайид Қутб – ақидасоз ва Абу Аъло ал-Мавдудӣ, ки устоди «Қутб» ба шумор меравад, барпо гардидааст.
Мақомоти амниятии Тоҷикистон ТТЭ ҲНИ-ро, ки соли 1973 таъсис ёфта буд, соли 2015 ба рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ ворид намуда, мардумро аз пайвастшавӣ ба он манъ намуд.
Ҳизби террористӣ — экстримистии Ҳизби наҳзати исломии ихвонӣ бо кишварҳои дастгирикунандаи гурӯҳҳои террористӣ робитаи зич дошта, дар сархати ин гуна кишварҳо — Эрон ҷойгир аст. Эрон бо вуҷуди дар рӯйхати террористӣ қарор доштани ТТЭ ҲНИ, соли 2016 роҳбарияти ҳизбро меҳмоннавозӣ намуд. Кишвари дуввум Қатар аст, ки маблағгузори ҳизб буда, чандин маротиба роҳбарияти ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ дар канали «ал-Ҷазира» бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон баромадҳо кардааст».

Баъди мутолиаи ин гузоришҳо худ андеша кунед, ки то кадом дараҷа ТЭТ ҲНИ амалҳои бадхоҳонаи худро идома дода, даст ба ҷинояти сангин задааст.

 

Муъминов М., Раҷабов Р.,
устодони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *