СИЁСАТБОЗОНИ МАЗҲАБФУРЎШ

Дар замони мо кўшиши шахсиятҳои ҷудогона, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое  низ ҳастанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Чунончӣ ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲНИ аз кабили чунин ниҳоти диниву мазхабии тундрав, ки нооромиро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд  овардан мехоҳад ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи хоҷагони бурунмарзиаш, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанўз ҳам барои тира кардани фазои ороми ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзад.Бо баробари ин дигар ҷеҳраи манфури пайравони ҳизби назҳат,ки мазҳаби бегонаро қабул карда,дар хизмати доираҳои махсуси идеологияи он қарор дорад, ибрози ақида менамоем.Бояд ёдовар шуд, ки то манъ шудани фаъолияти ҲНИ, беш аз 800 нафар ҷавонон, ки асосан фарзанд ва хешу табори аъзои ҳизб мебошанд, дар мадрасаҳои динии Эрон таҳсил намуда,мазҳаби шиаро қабул намудаанд. Манбаъҳои эътимоднок тасдиқ мекунанд, ки ҳоло 480 нафар фарзандон ва хешу табори аъзои ҲНИ дар мадрасаҳои динии Қум ва Гургон дар назди домуллоҳои мазҳаби шиа дарс мехонанд. Илова ба таҳсил дар мадрасаҳои динӣ, барои паҳн кардани ақидаи шиа дар байни назҳатиён курсҳои кўтоҳмуддату дарозмуддадти таълимоти сиёсию мазҳаби ташкил мешаванд. Роҳбари ҲНИ М.Кабирӣ ягона намоянда аз кишварҳои суннимазҳаб аст,ки аъзо ва муовини раиси ҳаракати ҷаҳониёни шиаён шуд. Ҳамаи ин далелу ҳақиқатҳо нишон медиҳанд,ки роҳбарони ТТЭ дар ивази молу манфиат мазҳаби шиаро қабул карда, аз доираи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат берун шудаанд. Номҳои оилавӣ, гапу шиорҳо,рафтору амал, ҷойи хондан, паноҳгоҳ, макони зиндагии назҳатиҳо нишон медиҳад, ки онҳо аз мазҳаби аҷдодии худ даст кашида мазҳаби бегонаро қабул кардаанд.

Ин ҳизби сиёсатбози мазҳабфурўш бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷовононеро, ки имрўзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори ислом огоҳӣ надоранд, кўшиши ба сўи худ ҷалб кунандаро дорад.Ҷиҳати  пешгирии аз масоили зикршуда бояд дар руҳияи ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа мо дониста шуда, ба хотири хифзи истиклолияти давлат, тахкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он моро лозим аст, ки баҳри бартараф кардани тамоми омилҳои низоангез дар ҷомеъаи худ саъю талош варзем.

А. Шарипов,
мудири кафедраи математикаи олӣ
ва технологияҳои инноватсионӣ,
номзади илмҳои физика ва математика, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *