Амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИТ-ро маҳкум менамоем!
ҲНИТ бо инқилобхоҳиаш мехоҳад сарзамини мо ва мардумро ба вазъи ногувор гирифтор кунад, мехоҳад, ки қудрати сиёсиро ба даст орад. Барои амалӣ намудани ин мақсад роҳбаронаш аз ягон роҳу восита истиҳола намекунанд ва бо роҳи тасарруфкунӣ дар ҷомеа ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст мезаданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо воқеаҳои рухдодаи ибтидои моҳи сентябри соли 2015 мебошад, ки дар ин бора филми ҳуҷҷатӣ аз ҳамаи шабакаҳои ТВТ пахш шуда буд ва мо ҳама шоҳиди бевоситаи тамошои он будем. Дар иртибот ба ин бояд қайд намуд,ки бо дастури хоҷаҳои хориҷӣ ва супориши ҲНИТ амали нохалафонаю ноҷавонмардонаи собиқ муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон Назарзода Абдуҳалим Мирзо (ҲоҷӣҲалим) мебошад ва ин амал боиси маҳкум ва сарзаниш аст. Ин фарзанди носипоси миллат ба қасд ба ҷони мардум карда, амнияти Тоҷикистони азизро халалдор намуд. Гурўҳҳои ҷиноятпеша кўр-кўрона аз паси ў рафта оқибат барои амалӣ нанговарашон подошашонро гирифтанд. Ва ё мисоли дигар, ки дар асоси дастури роҳбарони ҲНИТ аъзоёни гурӯҳ бо мақсади вайрон кардани равобити Тоҷикистон бо Русия низ таълими диверсионӣ (харобкорӣ) гирифта, якчанд нафар афсарони қисми низомӣ (Дивизияи 201)-и Федерастсияи Росияро, ки дар шаҳри Душанбе адои хидмати байналмилалӣ менамуданд, қасдан ваҳшиёна даст ба куштор заданд. Имрўз ТТЭ ҲНИТ дар Аврупо панаҳ ёфта, аз мақсади ғасби ҳокимият, аз самти фаъолияти харобиовар, усулҳои террористиаш даст накашида, дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳукумату мардуми Тоҷикистон тўҳмату бўҳтон зада, бо мақсади амали намудани мақсадҳои нопокаш ба ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурда истодааст. Аз ин рў, мардум ҳузури сиёсии ХНИТ-ро дар арсаи давлатдори хамчун омили нооромии кишвар тасаввур мекунанд.
Мо устодони кафедраи муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудити Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ин амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ҲНИТ-ро бори дигар сахт маҳкум намуда, дар оянда низ тамоми таҷриба ва малакаю худро истифода бурда, алайҳи тарғиботи ғояҳои ифротӣ ва террористӣ мубориза хоҳем бурд.
Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як фарди ватандўст бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.
Кафедраи муҳосиботи