Кулли устодони кафедра афзудан ва густариши ифротгароӣ, экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзоро маҳкум намуда, қайд менамоем, ки ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, иқтисодиёт, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт. Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.
Дар Паёми асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вазъи имрӯзи ҷаҳони муосир ва хатару таҳдидҳои глобалиро ба мардуми мамлакат ироа намуда, аз ҷумла изҳор доштанд: “… вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.
Фаъолияти ғаразноки онҳо аз ҳодисаҳои куштор ва даҳшатнок ибтидо гардида, аъзои он ба гуруҳҳои тунрав шомил шуданд. Ҳатто бо даъвати худ онҳо ҷавононро гумроҳ намуда, бо ҳамин роҳ фирефтагони хешро ба давлати чангзада сафарбар менамуданд, ки дар натиҷа, даҳҳо ва садҳо кӯдаконро бепадару модар намуда, хазорон оиларо аз байн рабуд.Зеро онҳо ақидаҳои бегонапарастӣ, хадафи вайрон намудани сохти конститутсионӣ ва ба ном пойдор намудани “давлати исломӣ”-ро доштанд.
Дар марҳалаи кунунӣ ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии саривақтии таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад.
Дар хулосаи ин изҳорот, кулли устодони кафедраи назарияи иқтисод таъкид менамоем, ки дахолату вайронкориҳои чунин падидаҳои номатлубу хатарафзо маърифату бунёдкориро муқобил гузошта, гуфтугӯи тамаддунҳо, вахдату ҳамадилӣ ва ягонагиро ба роҳ мемонем.
Намегузорем ва нахоҳем гузошт, то тарафдорони онҳо ба мақсадҳои нопоки хеш, ки ба ҷангу бедодгарӣ кашидани Ватани мо ноил гарданд!
Мо бояд ба ќадри сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андўхта, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон сарбаландона заҳмат кашем.