“Анҷумани озодандешони тоҷик”-ро маҳкум менамоем!

Кулли мардуми тоҷик таъсисёбии «Анҷумани озодандешони тоҷик»-ро маҳкум менамоянд, зеро гузашти солҳо ҳодисаю воқеаҳои хунини солҳои 90-ум, нашъаи ана ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳоро халқи тоҷик чашиданд.
Мо хуб медонем, ки ғарази таъсисёбии «Анҷумани озодандешони тоҷик» чист? Ғарази ин анҷуман на таблиғи дин ва на намоиши демократия аст. Ғарази Шумо гумроҳонро ҳамчун ифодакунандаи нақш истифода бурда наворатон мегиранд, то ба ҳамаи ҳадафи худ, ки танқиди Тоҷикистон аст бирасанд. Агар Шумо озодфикрон бошед, биёед ба Ватан озодфикриатонро пешниҳод кунед, агар ба манфиати халқ бошад, шуморо ҳукумат дастгирӣ мекунад. Агар ободгар бошед, аз дохил истода Ватанро обод кунед, ки шуморо дастгирӣ кунем.
Дини мусалмонӣ дини тозатарин ва ростин аст, вале мутаассифона, имрӯз мусалмононе пайдо шудаанд, ки ин дини мубинро ба шохаҳо тақсим мекунанд ва аз он ҳизбҳо ташкил медиҳанд. Дин ҳизб нест! Дин эътиқод аст ва боварӣ ба Худои таоло. Имрӯз дар давлатҳои исломӣ мусалмонон намояндагони динҳои дигарро бо чашми бад нигоҳ мекунанд, ки ин соф муқобили дини мубини ислом аст, барои он ки дар ислом умуман хислати бадбинӣ нисбати якдигар ва бандагони Худо гуноҳи гарон аст. Агар бадбиниро гуноҳи гарон ё азим гӯем, худкушӣ, қатли мардуми бегуноҳ, дигар амалҳои террористӣ гуноҳе ҳаст ногуфтанӣ. Яъне ифротгароён ё шахсоне, ки амалиёти ваҳшиёнаро на танҳо дар давлатҳои худ, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ амалӣ мегардонанд, аз номи мусалмонон баромад карда, якчанд амалиёти террористӣ гузаронидаанд, ки боиси фоҷиаи гӯшношунид гардидааст.
Ҷавонони Тоҷикистон имрўзҳо аз пайи ободкорию гул –гул шукуфонии сарзамини биҳиштосоянд. Вақти холигии худро ба шинонидану сабзонидани дарахтони сояафкану гулҳои ороишӣ мегузаронанд. Онҳо вақт надоранд, ки вақти қимматашонро сарфи сафсатаҳою ҳарзаҳои Шумо аҳриманҳо кунанд.
Барои аз байн бурдани чунин нофаҳмиҳо, бадбиниҳо ва амалҳои гайриинсонӣ, ҳар як фарди солимақл вазифадор аст, ки мардумро ба миллат ва дин ҷудо накунад, чунки онҳо ҳама офаридаи як Худоанд, чи тавре ки Саъдии Шерозӣ фармуда:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Яъне ҳар яки мо пеш аз даст задан ба ягон амали зишт ва ё амале, ки ваҳшиёна аст, бояд фикр кунем: «Оё чунин амали ман дуруст аст?», «Оё ин мусалмонии маро исбот мекунад?
Албатта, на, дуруст нест ва мусалмониро исбот намекунад ва ин роҳи ислом нест, балки ин роҳи мусалмонони ғаразнок ва соҳиби мафкураи паст мебошад. Пас, биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрӯзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрӯз ва фардои худ талош варзем.
Тарбияи фарзанд, мафкураҳои диниву ахлоқии вай аз оила сарчашма гирифта, минбаъд дар мактабу ҷомеа рушду нумўъ меёбад. Дар ниҳоди фарзанд ҷой додани ғояҳои ахлоқӣ – маънавӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватандўстиву инсонгароӣ ба оила вобаста аст ва ҳар як оила, ҳар як иштирокчии раванди тарбия метавонад дар ин ҷода роҳу равиши хос, низоми махсуси худро дошта бошад. Оила ҳамчун гурўҳи хурди ҷамъиятӣ офаранда ва бахшандаи ҳаёт, бақои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар оила ҳамаи ақоид, ҳиссиёт ва одатҳои нахустине заминагузорӣ мешаванд, ки онҳо дар ташаккулёбии минбаъдаи тамоми маънавиёти шахсияти фарзанд замина мегузорад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: “Бояд тадбирҳое андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд”.
Ин гуфтаҳои Сарвари давлат мову шуморо ҳушёр ва водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ба воқеаҳои рухдодаистода дар кишварҳои Осиёи наздик эътибори ҷиддӣ зоҳир намоем, нагузорем, ки чунин падидаҳо ҳаёти ҷомеаи моро халалдор созанд. Мо бояд неруи созандагӣ, фаъолияти худро баҳри ҳифз ва таҳкими осоиштагии Ватани маҳбубамон равона созем.
Ҷой доштани содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки омилҳои барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳаллӣ, динӣ ҳоло дар ҷомеаи мо аз байн нарафтаанд. Аз ин рӯ, саривақт ошкор ва бартараф карда шудани онҳо на танҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми мақомот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошад. Сабабҳои ҷой доштани ин гуна падидаҳо маълуманд, ки норозигӣ, низоъву, кинаро аз хориҷи кишвар паҳн намуда, ҷонибдорони ғафлатзадаи худро пайдо мекунанд ва бештар ҷавононро ба доми худ мекашанд.
Аз ин рў, тарғибу ташвиқи қонунҳои ҷорӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, дарки амиқи равандҳои замони муосир вазифаҳое мебошанд, ки фазои сулҳу оромӣ, осудагӣ ва амнияти ҳаёти ҷомеаро таъмин хоҳанд кард. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем. Ин ирода бар он асос меёбад, ки мо пеш аз ҳама, фарзандони Ватани ягонаем ва манфиатҳои волои он аз манофеи дигари равияву ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва табақавию маҳаллӣ бартару болотар мебошанд. Қабл аз ҳама, бояд тамоми афроди ҷомеа равшан ва амиқан дарк намоянд, ки мо чӣ ҳадаф дорем, чӣ роҳро пеш гирифтаем ва кадом шеваи амалу рафторро истифода хоҳем кард, ки оромиву осоиштагии ҳаёти ҷомеаро таъмин намоем.
Тарафдорони ғояҳои ифротгароӣ гуногунандеширо дар ҷомеа инкор карда, ақидаву назарҳои сиёсӣ, идеологӣ ва динии хешро бо дастгирии пешвоёни хориҷӣ пайгирӣ менамоянд. Таълимоти ифротгароӣ на ба тафаккур, балки ба таассубу хурофот (хусусан тақлидкорӣ ба ғояҳои тундгароӣ) такя намуда, роҳҳои созандагӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилоти иҷтимоию сиёсии ҷойдоштаро инкор менамояд,вобаста ба мушкилоти ҷойдошта танҳо айбҷўиро мебинанд. Пайравони ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳатто баъди дарки нодурустии ақидаҳо ва моҳияти таълимоти роҳбаронашон, онро тарк кардан намехоҳанд. Ба мафкураи онҳо бо ғояҳои ғалатро, ҳатто баромадан аз ҳизбу ҷараёнҳои динии экстремистӣ ҳамчун хиёнат ба дину муқобилият ба Худо мефаҳмонанд.
Мо кулли шаҳрвандони тоҷик хуб медонем, ки ин «Анҷуманҳо»-и ифротгаро дар хориҷи кишвар чӣ меҷўянд. Оби уқёнусу кўлҳо наметавонанд, гарду ғубору қураи дилҳои сиёҳи онҳоро бишўянд.
Ҳазорҳо пардаю девори Чин ҳатто наметавонанд, мақсадҳои нопоки Шуморо пўшида бидорад. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои ахмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз намешаванд.

Махсудзода Хайриниссо Амонӣ,

ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *