ИЗҲОРОТИ  КАФЕДРАИ МУҲОСИБОТИ БУХГАЛТЕРИИ ДИС ДДТТ ОИД БА ФИЛМИ “ХИЁНАТ” ВА ФАЪОЛИЯТИ  БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизми қавмию нажодӣ ва милливу байналмилалӣ, ки ба марги одамони бегуноҳ оварда мерасонаду модаронро бефарзанд, одамиятро бесарпаноҳ, тифлонро беволидайн мегардонад, мавриди танқиди шадид қарор дорад.  Ахиран оид ба ифротгарию терористии гуруҳҳои бадхоҳи миллат филми мустанади “Хиёнат” намоиш дода шуд, ки чеҳраи аслии онҳоро дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар нишон дод.

Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд. Ташкилоти террористии наҳзат бо терроризм ва ифротгароӣ решапайванди азалӣ дорад ва аз ин мақсади нопоки худ гаштанӣ нестанд. Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки ба ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд.

Мутаассифона, вазъияти он нафароне, ки худро имрӯз қурбони хоҷагони хориҷӣ намудааст, дуруст ба мисоли роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва шогирдони бесаводаш, ки бо ном “Паймони миллӣ ” ба ҳолашон раҳми кас меояд, зеро имрӯз онҳо ба он ҳоле гирифтор гардидаанд, ки ҳатто аз ин сарзамин аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ин ҳама хиёнаткорӣ ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд. Агар натавонистед, хомӯширо пеша кунед ва ба осудагии дигарон халал низ ворид насозед, дигаронро низ ба мисли худ хиёнаткор накунед.

Ҳамин тавр терроризм яке аз зуҳротҳое мебошад, ки бар зидди амнияти башарият нигаронида шуда бартараф намудани ин падидаи номатлуб вазифаи ҳар як узви ҷомеаи инсонӣ мебошад.. “Пирӯзӣ бар тероризм танҳо бо истифода аз нерӯи низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, бояд муайян ва пурра омӯхта шаванд”, – иброз доштанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *