Хатари терроризму ифротгароӣ ва таъсири он ба ҷомеаи муосир

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ бо шарҳи вазъи сиёсии ҷаҳони муосир оғоз бахшиданд ва он бунёди воқеӣ дорад. Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, замоне, ки давлатҳои дунё ҳар кадоме баҳри манфиатҳои хеш  талош варзида, дар ин роҳ ба зиёдаравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ медиҳанд, кор ва зиндагӣ дорем. Дар ҷаҳони кунунии мо,ҳамчунин, ҳодисаҳои хатарбори терроризм ва ифротгароӣ доман паҳн мекунанд ва ба ҳаёти осоиштаи аҳли сайёра таҳдид менамоянд. Вобаста ба ин ҳолат, аҳли хираду тамаддунгарои ҷаҳонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром бошанду бар зидди ин падидаҳои номатлуб овоз баланд кунанд. Мо омӯзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошем. Ҳамчунин, шогирдонамонро ба ҳушёрию зиракӣ даъват намоем. Бо истифода аз далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ гунна равияҳоянд, чӣ ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоханд.

Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизби динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолик ба «шарофати» ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс, миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст.

Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо таъсиси ҳизбҳои сиёсии динӣ ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд.

Аслан, бо номи поки ислом ҳизб сохтан ва онро барои сиёсат суиистифода кардан дар умқи худ ихтилофи ҷомеаро ба вуҷуд овардан аст. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсии бақои давлату миллат мебошад. Беҳуда  Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ бар душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш  чу гирдоб хурад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти худ бо кормандони хифзи хуқуқ бахусус,  соҳаи прокуратура ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат таъкид намуда буданд: «Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар масъулияти дучандро  тақозо менамояд.

Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулху субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти хифзи хукук ва сохторхои низомӣ вобастагии мустақим дорад».

Барои ҳар як сокини давлати Тоҷикистон маълум буд,  ки чаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат оид ба вазъи гоеополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду хушдор  медиҳанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рӯзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне ифротгароии миллию  мазҳабӣ ва ривоч ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо Пешвои маҳбуб ва  роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машғулро низ ба таҳлука овардааст.

Пеш аз он ки дар бораи пешгирии  зуҳуроти номатлуби чомеа аз қабили  ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм сухан ронем,  дар бораи таърихи пайдоиш, ташаккул ва ривоҷу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм чанд сухан гӯем. Харчанд ин падидаи номатлуб аз даврони куҳан ва аҳди қадим вуҷуд дошту дар шаклу тарзҳои гуногун зуҳур мекард, аммо таърихнигорону сиёсатшиносони муосир ҳатто санаю санадҳои аниқу амиқи пайдоиш ва ташаккулу паҳншавии ифротгароӣ, экстремизм ва терроризмро дар замони муосир маълум кардаанд. Ва ин падидаҳои номатлубро вабои асри ХХI низ гуфтаанд.

Мо хоҳони онем, ки халқ ва миллати Тоҷикистони азизи мо ҳамавақт   дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ намуда, бо  ҳаёти осоишта умр ба сар         баранд.

 

Абдусамадова Х.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *