Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ оид ба филми “Хиёнат”, созмони “Паймони миллӣ” ва дигар гуруҳҳои ифротгаро

Имрӯзҳо мардуми сулҳпарвари тоҷик омодагии худро баҳри таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ-созандагӣ, амали гардидани дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси олии кишвар ироа гардида буд равона гардидааст. Дар ҳамин рӯзҳо аз шабакаҳои телевизиони тоҷик пахш гардидани филми мустанади «ХИЁНАТ» оид ба ҳодиса ва воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷангҳои иттилоотии замони ҳозира, бори дигар ба мардуми тоҷик нишон додани симои хоинони миллат, амалҳои пардапушонаи ТЭТ ҲНИ пардабардори мешавад, айни муддаост. Мо сокинони кишвар баъд аз дидани филми мустанади «ХИЁНАТ» шоҳиди он хиёнатгарӣ, ватанфурушӣ ва амалҳои зиддиинсонии ТЭТ ҲНИ гардидем.

ТТЭ ҲНИ ва бавижа роҳбари он М.Кабирӣ дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамчун ташаббускори аслии таъсиси чунин эътилоф бо ирсоли даъватномаҳои бешумор хеле талош карда буд, ки дар нишасти банақшагирифтаи хеш теъдоди ҳар чи бештари тоҷикистониёни бурунмарзиро ҷамъ оварад ва дар ин замина, эътилофи худро созмон диҳад. Вале бархилофи интизориҳо ва саъю талошҳои чандмоҳаи Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ бархе аз афроду ниҳодҳои мухолиф на фақат  дар ин ҳамоиш иштирок накардаанд, балки расман мухолифати худро нисбат ба баргузории он нишаст, ҳамчунин, таъсиси дигарбораи ИНОТ изҳор доштанд.

Аммо, М. Кабирӣ бо вуҷуди дарки ин вазъият ва донистани чунин нуқтазаъфи худ даст аз тасиси эътилоф накашид. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро ТТЭ ҲНИ бо вуҷуди иддаоҳои мутантану баландпарвозонаи хеш дар хусуси он ки гуё аксарияти афроди ҷомеаи Тоҷикистон аслан аз мавқеи ҳизби онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, боз ҳам ба дастгирии дигир гурӯҳҳои мухолиф ниёзманд будани худро ошкоро ба намоиш гузошт?

Эътилофи кунунии ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” маҳз дар заминаи ҳамоҳангии се гурӯҳи ношинохтаву камнуфусу камнуфуз ва ТТЭ ҲНИ ба вуҷуд оварда шудааст. Оё ин гурӯҳҳои худхондаву худсохта ҳаққи аз номи мардуми Тоҷикистон таъсис додани “Паймони миллии Тоҷикистон” –ро доранд? Албатта не!

Зеро ҳеҷ кадоме аз онҳо созмони дар Тоҷикистон аз тарафи мардум эътирофшуда нестанд ва ҳатто қишри андаке аз ҷомеаи кишвари моро ҳам фаро намегиранд. Гузашта аз ин, мардум ҳатто дар бораи мавҷудияти аксарияти ин созмонҳо низ ҳеҷ иттилое надорад. Пас чӣ тавр бо нишасти чанд нафар афроди худхоҳ ва ҳамоишу рақси дастобадасти аҷибу ғариби онҳо мешавад “Паймони миллӣ”-е  таъсис дод?!

.

                                         

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *