Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои кориашон ба минтақаҳои гуногуни кишвар аз аҳволи ятимон, Хонаи бачагону маъюбон дидан мекунанд. Ба онҳо сару либос, ашёҳои мактабӣ тўҳфа менамоянд. Хони пурнозу неъмат густурда, табъи онҳоро болида мегардонанд. Ин аз инсондўстӣ, халқпарварӣ ва дилсўзии Пешвои миллат дарак медиҳад.
Боз 80 нафар кўдак аз Давлати исломии Ироқу Шом ба Тоҷикистон оварда шуданд. Онҳоро ятим гуфтан месазад ,чунки падару модаронашон фирефтаи найрангҳои бадхоҳон гашта,дар мулки бегона ҳалок гаштаанд ё аз баҳри фарзанди худ баромадаанд. Акнун давлат онҳоро парвариш мекунад,таълиму тарбия медиҳад. Ё баъзе оилаҳо онҳоро ба фарзандхонӣ қабул мекунанд…
Ҳар як одам бояд ятимпарвар, халқпарвар ва раҳмдилу бошафқат бошад. Охир, ин гуна кўдакон ташнаи меҳру навозиш,ташнаи парастиш ва ёрию ғамхорӣ мебошанд. Касе, ки дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ мекунад, аҷру савобаш аз тарафи Яздони пок пардохта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳам садҳо маротиба чунин амали некро анҷом додаанд,ки шўҳрату шонашон торафт афзуда, ба туфайли заҳматҳои неки он кас обрўю нуфузи Тоҷикистон низ бештар гашта истодааст. Мо ин амали неки Сарварамонро фаҳмида, хеле шод гаштем ва дар ҳаққашон ҳамеша дуои нек мекунем.