Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84- нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ шаби 30-уми апрел ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст.
Додгоҳи вижаи Бағдод даҳҳо зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон ва чанде аз онҳоро ба ҳабси абад маҳкум кард. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик вазифадор шудааст, моҳи январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки аз 43- зани тоҷик, 15- нафарашон ризоият надоданд, ки кӯдаконашон ба ватан фиристода кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Сарнавишти ояндаи ин тифлон норӯшан боқӣ мемонад. Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигарон дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле, ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд. Дар ҳоли ҳозир 11 навраси дигари тоҷик ҳамроҳи модарони худ дар зиндонҳои Ироқ мондаанд. Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки масъалаи зудтар бозгардондани боқимонда шаҳрвандони ноболиғу занҳои Тоҷикистонро аз Ироқ ҷиддӣ пайгирӣ доранд. Ба қавли ӯ, бо ҳукумати Ироқ вориди музокирот ҳастем ва барои анҷом додани ин корҳо тамоми чораҳоро меандешем.
Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъунашри ДИС ДДТТ