Таҷриба нишон медиҳад, ки шахсони фирефтаи экстремистон гашта, ба ваъдаҳои осмонии душманони миллат бовар карда, ҳатто зану фарзандони ноболиғи худро ба мавзеҳои ҷангзадаи Сурияву Ироқ бурда ба зери тиру тӯп мегузоранд. Ин амалро ягон шахси солимақл барои фарзанд, ки меваи ширинтарин барои волидайн ба шумор меравад раво намебинад. Шахсе, ки ба ифроту ҷаҳолат гирифтор шудааст, ғайр аз якравию бефаҳмӣ, фанатизми динӣ, бадбиниву ҷудоиандозӣ, зоҳирпарастиву хаёлҳои хом дигар чизро дидаю фаҳмида наметавонад ва ба шахси бемории руҳидошта шабоҳат дорад.
Аз рӯи иттило имрӯзҳо чанд нафар кӯдакони ноболиғи тоҷик дар Сурияву Ироқ қарор дошта, аксарияти онҳо аз падару модар ятим мондаанд ва дар ҳолати қашшоқиву бесоҳибӣ қарор доранд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз хиёнатҳои нобахшидании баъзе аз ашхос ҳамеша нисбати шаҳрвандони кишвар ғамхориҳои беандоза зоҳир менамоянд. Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бахшида шудани гуноҳи мухолифин, аз ҳудуди Афғонистони ҷангзада баргардонидани зиёда аз як миллион гурезагон, гузаштҳои беандоза баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ дида метавонем. Ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбати шаҳрвандони кишвар дар қонунгузории амалкунанда инъикоси худро ёфтааст, ки шахсони дар амалиётҳои ҷангии давлатҳои хориҷа иштирок карда, агар дар кирдорашон таркиби ҷинояти дигар набошад, бо хоҳиши худ ба Ватан баргарданд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Ин муқаррароти дурбинона дар қонунгузории давлатҳои дигар дида намешавад.
Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо зиёда аз 80 нафар кӯдакон, ки дар Ироқ қарор доранд, ба Ватани азизашон баргардонида шуданд.
Ғамхориву ҷоннисориҳои Сарвари давлатро ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд хуб дарк намуда, ба қадру манзалати он бирасанд ва барои поку беолоиш нигоҳ доштани андешаи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳамзистиву таҳаммулпазирӣ, ҳуввияти миллии наврасон ва ҷавонон беғаразона камари ҳиммат бубандем.