Изҳороти кафедраи молия ва қарзи ДИС ДДТТ оид ба қисмати ҳафтуми филми “Хиёнат” – “Бешарафӣ” ва амалҳои нобахшидании М. Садриддин

Дар воқеъ рӯзгор нишон медихад, ки нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, бешараф, нопок, беномус  ва бадсиришт мебошад. Ҳамин ҳолатро дар мисоли аъзоёни ТТЭ ҲНИ бахусус Мухаммадиқболи Садриддин дидан мумкин аст. Зеро ҳамаи наҳзатиён ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсиришти бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва аз ин боз нороҳат ҳам нестанд, ки ин гувоҳ аз ҳамон гуфтаҳои болост.  Филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» чеҳраи аслии яке аз шахсони ифротгаро, тундвор, ғаразро ба мо ифшо намуд. Дар тӯли ҳаёти худ ё инки, фаъолияти худ М. Садриддин ягон кори неке, ягон коре, ки ба манфиати ватану миллати тоҷик бошад накардааст. Валекин бо забони дарозу ақидаи носолими худ дар тамоми гӯшаву канор ватани моро, Пешвои миллати моро таҳкир намуда истодааст, ки ин боз як бори дигар аз чеҳраи палид будани М. Садриддин гувоҳи медихад.

Халки тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми хешро дар ҳама ҳолат ҳифз менамояд, каҳрамониҳои Шераку Восеъ, Темурмалику Деваштич ва дар баробари онхо Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Э. Рахмон аз ин гувоҳи медиханд. Аммо ба монанди чунин шахсони ифротгаро М. Садриддин ҷомеаи моро ба пастӣ меоранд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *