Озмуни навиштани эссе дар мавзӯи “Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи Шумо”

Таваҷҷӯҳ!

Ба диққати довталабони макотибҳои олӣ!
Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд озмуни навиштани эссе дар мавзӯи “Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи Шумо” баргузор менамояд.

Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Барои ишғоли ҷойи аввал – 1 адад ноутбук;
Барои ишғоли ҷойи дуюм – 1 адад планшет;
Барои ишғоли ҷойи сеюм – 1 адад телефони мобилӣ.

Мўҳлати озмун аз 3 феврал то 25 феврали соли 2021.

Нусхаи эссеро ба почтаи электронии info@iet.tj ирсол намоед.  

Озмун дар Рўзи дарҳои кушод, санаи 27 феврал ҷамъбаст мегардад.

Хоҳишмандон метавонанд дар озмун иштирок намуда, маҳорати худро санҷанд ва соҳиби тӯҳфаҳо гарданд.

Суроға: маркази шаҳри Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ 169
Телефон барои тамос: (83422) 6-03-21
Сомонаи мо: www.iet.tj

Ояндаи худро бо мо созед!
Марҳамат ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон!

Один комментарий для “Озмуни навиштани эссе дар мавзӯи “Интихоби ДИС ДДТТ аз нигоҳи Шумо””

  1. Эссе”Интихоби ДИСДДТТ
    аз нигохи Шумо”
    Муассисаи давлатии таълимии” Донишкадаи иктисод ва савдо Донишгохи давлатии тичорати Точикистон дар шахри ХУЧАНД” ,ки муассиси он Иттифоки Точикматлубот мебошад, тибки карори ХУКУМАТИ Чумхурии Точикистон аз 12 феврали соли 2010 таъсис дода шуда, сохиби ичозатнома оид ба хукуки пешбурди фаъолияти таълими бо силсилаи АУ 0002417 аз 2ноярри соли 2017, шаходатнома дар бораи аккеритатсияи́ давлатии Вазорати маориф ва илми Чумхурии Точикистон гардидааст.
    Зиминаи модди-техникии донишкада чавобгуи талаботи стандарти давлатии тахсилоти олии касби буда, чараёни таълим дар се бино́и таълими ва 80 синфхонаи алохида сурат мегиранд.
    Базаи моддию техники дар сатхи лозима карор дошта, аз чумла 750 адад компютери замонави, 70 адад ноутбук, 20 адад телевизор, 18 адад экран ва гайрахо мавчуданд.
    Дар донишкада китобхонаи анъанави ва электрони синфхонаи интернети, синфхонаи лигофони, синфхонаи компютерии бонки таълими, синфхонаи компютерии инноватсиони барои омузиши барномаи 1С- мухосибот, синфхонаи компютерии таълимии омор, маркази омузиши забонхо, толори мачлисгох бо 250 чои нишаст, толори фитнес бо 18 тренажёр, майдончаи варзиши, хобгох дорои 26 адад хучраи истикомати ва бунгохи тибби мавчуд аст.
    Дар ин замина, ба рох мондани идоракунии электрони ва назорати сифати таълим дар донишкада бо рохи коркарди комплекси барномахои автоматкунонии идоракунии маъмури ва назорати сифати тахсилот бо номи” Алфа- экспресс” амали карда шудааст.
    Ахли чомеаи ДИС ДДТТ, професорону устодон,донишчуён ва кормандони донишкада, чавобан ба гамхориву таваччухи хаиешагии Певои муаззами миллат ва ХУКУМАТИ Чумхурии Точикистон ба шахомату кушиши дастчамъона, саъю талоши пайваста барои омодагию пешрафти кишвари азизамон, барои тахкими Вахдати милли,сазовор истикбол гирифтани 30 солагии Истиклолияти давлатии кишвар, густариши худшиносиву худогохи ва ифтихори ватандори, вусъати корхои ободию созандаги сахми арзандаи худро гузошта, барои амали гардидани ин икдомхои начиб талош менамоянд.Дар донишкада 249 нафар омузгорон фаъолият и таълими- методи,илми ва тарбияви мебаранд,ки аз чумла 10 нафар доктори илм,профессор,80 нафар номзади илм мебошанд.
    Дар Точикистон сохибистиклоламон мардуми сарбаланди кишвар барои амали намудани дустуру хидоятхои Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон саъю талошхои созанда намуда, бахри тачлили сазовори чашни таърихии 30 солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон омодогии хамачониба мебинанд .
    ДИС ДДТТ бо Донишгоххои машхури чахон шартномаи хамкориро ба рох мондааст ва хамасола донишчуёни мо тахсили худро дар хоричи кишвар идома медиханд. Яке аз барномахое,ки мубодилаи донишчуёнро таъмин менамояд, барномаи Эрасмус мебошад.Чанде аз ин донишчуёни мо дар донишгоххои машхури Аврупо тахсил карда ,хотирахои худро оид ба имкониятхои тахсил баён доштанд:
    Махмудчон Бойматов, донишчуи курси сеюми иктисодиёти чахон,дар Донишгохи Картабриа.
    ” Дар синни 20 солаги Эрасмус+ ба ман рузхои бехтарин ва хотирмон эхдо кард. .
    ДИС ДДТТ ба ман имконият дод,ки бо профессорон,инсонхои начиб ва бо одамони машхури чахон шинос ва донишу чахонбинии худро васеъ намоям. Ба хатмкунандагон ва донишчуёни азизи донишкада мурочиат менамоям,ки имконияти худро аз даст надихед ,аз барномаи Эрасмус+ самаранок истифода баред, тахсили худро дар машхуртарин донишгоххои чахон идома дихед.
    Агар ту катраи ,чои нишасти
    хеш дарёб,
    Ба руи санг не, дар бехи гул резу
    гулистон шав.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *