Паёми Пешвои миллат – раҳнамои миллати тоҷик

Тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохўриҳо оид ба тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз санаи 1-уми феврали соли равон гурўҳи корӣ таҳти роҳбарии директори ДИС ДДТТ, номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳошимзода Ҳ. Ҳ. ба шаҳри Исфара ташриф оварда, бо мардум мулоқот намуданд. Ҳамчунин дар ҳайати гурўҳ Зиёваддинзода С., Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара, А. Абдуваҳҳоб иҷрокунандаи сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ”, Набиев В. М., Аъзамзод С., дотсентони ДДХ ба номи акдемик Б. Ғафуров ва А. Азимов, доктори илмҳои иқтисод, профессор низ шомил буданд, ки нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллатро шарҳу тавзеҳ доданд.

Оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои муаззами миллат дар Кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ба номи академик А. Ҷўраев, Мадад, деҳоти Навгилем, Кўлканд, Ворух, Чоркўҳ, Чилгазӣ, Лаккон, Нефтобод, Сурх, ташкилоти ибтидоии “Осоишгоҳи “Зумрад”, “Нурафшон”, “И. Усмонов”, “Орифон”, “Офтобрўй” ва дигар маҳаллаву ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Исфара мулоқоти судманди ҳайати гуруҳ бо сокинон баргузор гардид.

Иштирокчиёни мулоқот Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз рўйдодҳои муҳим дар арсаи сиёсии кишвар арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки Паёми Роҳбари давлат тамоми самтҳои фаъолияти хоҷагии халқи мамлактро фарогир мебошад.

Инчунин зикр карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд ва баргузории озмунҳои «Тоҷикистон Ватани азизи ман», «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» исботи ин гуфтаҳо мебошад. Эълон гардидани озмуни «Илм–фурўғи маърифат» саривақтӣ буда, имконияти иштироки бештари шаҳрвандонро фароҳам меоварад.

Ҳадафи Роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, хусусан наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандўстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омўхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Мулоқот бо сокинони шаҳру навоҳии вилоят оид ба шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *