Изҳороти кафедраи МО ва ТИ

Аҳли омӯзгорон ва кормандони кафедраи МО ва ТИ оиди ҳодисаву воқеаҳо ва амалҳои террористие, ки санаи 5-6-уми ноябри соли равон дар дидбонгоҳи Ишқободи ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи хоинони миллат ва дастгирии ДИИШ бо мақсади ноором сохтани марзу буми кишвар ба амал пайваст, сахт маҳкум намуда, қайд менамоянд, ки ин хоинони миллат ҳоло ҳам аз мақсадҳои нопоку ғайриинсонаи худ даст накашида, ҳадафи ноором сохтани фазои орому осудаи Тоҷикистони азизро доранд.

Имрӯзҳо  беш аз  сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифта, ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн менамояд ва  таҳдиду хатарҳои глобалӣ  ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Танҳо дар соли гузашта дар Афғонистон аз ҳамлаҳои террористӣ зиёда аз 10 ҳазор шаҳрванди ғайринизомӣ осеб дида, қариб 4 ҳазор нафар ҳалок шудаанд. 24 фоизи ҳалокшудагон бачаҳо буда, 53 фоизи осебдидагон занону кӯдаконанд. Пас аз шикаст хӯрдани ҷангиёни ИГИЛ дар Сурия мувофиқи маълумоти расонаҳо бо кӯмаки ИМА дастаҳои мусаллаҳ аз Ироқ ба Афғонистон фиристода шуданд. Қисми зиёди онҳо дар шимолии Афғонистон, ба сарҳади кишвари мо ва Ӯзбекистон наздик қарор доранд. Иҷроиши ин гуна манёвр беҳуда нест. Мақсади нопоки онҳо на фақат ноором сохтани вазъи Афғонистон, балки тамоми минтақа, аз он ҷумла Тоҷикистон мебошад.

Аз ин сабаб мо аъзоёни кафедра ба сокинони кишварамон муроҷиат менамоем, ки

  • терроризм миллат, давлат, сарҳад надорад;
  • онҳо барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки ноором сохтани фазои осуда аз ягон воситаю амалҳои зишт рӯй намегардонанд;
  • барои онҳо куштани фарди бегуноҳ, хоҳ кӯдак, хоҳ зан фарке надорад, яъне сокини бегуноҳи дилхоҳ метавонад аз амали зишти онҳо қурбон шавад;
  • кишварҳои абарқудрати дастгирикунандаи созмонҳои террористӣ намефаҳманд, ки хизмати хирсона карда истодаанд, як рӯз ин қувваҳо ба муқобили худашон равона хоҳад шуд;
  • мо сокинони Тоҷикистон бояд якдилона террористон ва пуштибонҳои онҳоро маҳкум намоем;
  • ҳушёрии сиёсӣ ва шаҳрвандиро нигоҳ дорем;
  • ба аҳли хешовандони низомиёни бегуноҳ қурбоншуда сабри ҷамил хоҳонем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *