Изҳороти кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ оид ба гирдиҳамоии мухолифин дар Олмон

Тавре аз расонаҳои иттилоотӣ огоҳ гаштем, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии  Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ оид ба гузаронидани тазоҳурот эълон кардааст ва шунидани ин хабар доир ба баргузор намудани гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин санаи 10-уми декабр ба нақша гирифта шудааст.

         Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълон карда будааст, ки гӯиё Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон аз зиндон раҳо кардани як гуруҳ маҳбусонро талаб кардааст. Воқеан ҳам тайи солҳои охир гирдиҳамоиву овозаҳои беасос, суханҳои тафриқаангезонаи баъзе аз ҷӯгиёни дар ба дар, ки ҳатто барои “тоҷик”-и бадарғашуда гуфтан ҳам забон давр намезанад, тавассути сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд гардидааст, ки онҳо ғайр аз чун ҷӯгӣ “талбандагӣ”-ю “овозаи беасос” паҳн кардан дигар ягон тадбири мусбате аз дасташон намеояд. Боз ташкилкунандагони он аъзоёни ТЭТ ҲНИ мебошад, ки корҳояшон пур аз бофтаю сохта мебошад. Зеро онҳо бо нишондоди ангушти “хоҷагон”-у роҳбарони ифротзадаашон амал намуда, бо пули ҳаром ба дастовардаашон бояд дар ҷомеа нофаҳмиву тафриқа ва ғояҳои олудаву пӯсидаи ифротиёнро ҷорӣ намоянд. Аммо кайҳост, ки мардуми тоҷик зидди ин ақидаҳост.

Сухан дар бораи озод кардани Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров меравад. Аз ҷониби дигар ин чӣ хел Кумита аст, ки бо зиндониёни сиёсӣ кору фаъолият дорад ва барои озод намудани онҳо кӯшиш менамояд. Зеро шояд гап дар сари он аст, ки Муҳаммадалии Сайид, яке аз идеологҳои наҳзатиёни ифротӣ ба ҳисоб мерафт. Барои ҳамон озодшавии ин наҳзатии лаънатиро талаб доранд.

Маъмулан, ин се нафар зиндониён бо қарори додгоҳ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд. ТТЭ ҲНИ м=ҳлати худро дорад ва зиндонӣ шудани зиндониён ҳам асоси воқеии худро дорад, ки ба чӣ хотир онҳо вориди зиндон шудаанд. Агар мақсад ва дилу нияти онҳо дар Тоҷикистон пок мебуд ба сӯи муваффақиятҳо раҳсипор мешуданд. Нафароне, ки дар Аврупо ҳастанд ва худро шаҳрвандони Тоҷикистон муаррифӣ мекунанд, бо баргузории гирдиҳамоӣ мехоҳанд, ки боз ба обрӯи кишвари худ паст зананд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *